Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе костюм, бе гарданбанд... Акси Эмомалӣ Раҳмон бо "куртаи гулдӯзӣ"


Як акси раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли 2006 дар ҳамоише дар Белорус бо "куртаҳои гулдӯзӣ" гирифтаанд, тавассути китоби Қурмонбек Боқиев дастраси дигарон шуд.

Як акси нодири раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), ки соли 2006 дар ҳамоише дар Силичии Беларус гирифта шудааст, баъд аз нуҳ солаш тавассути китоби хотираҳои Қурмонбек Боқиев -- раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон аз бойгониҳо берун омад ва дастраси омма шуд. Дар ин акс раҳбарони ИДМ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба фарқ аз аксҳои дигарашон, ки бештар бо шиму костюм ва гарданбанд зоҳир мешаванд, бо "куртаи гулдӯзӣ" (вышиванка) тасвир ёфтаанд. Ин навъ курта, ки пешаш гулдӯзӣ шуда, дароз аст ва миёнбанд ҳам дорад, бештар дар Белорусу Украина маъруф аст.

Қурмонбек Боқиев ин аксро ҳамчун хотираи худ дар китобаш - "Дард, ишқ ва умед: Қирғизистони ман" - ҷой додааст. Раҳбари собиқи Қирғизистон, ки баъд аз инқилоби соли 2010 дар кишвараш рӯ ба фирор оварда, баъдан дар Белорус паноҳ бурд, ин китобашро ба тозагӣ рӯнамоӣ кард.

Боқиев мегӯяд, моҳи ноябри соли 2014 ба иншои ин китоб дасту панҷа барзада ва тобистони соли ҷорӣ онро ба пуррагӣ омода кард. Аммо ба далели он ки кишвараш интихоботи парлумонӣ дошт, аз нашри он худдорӣ намуд, то ба қавли ӯ, гумон набаранд, ки Боқиев ба ҷараёни интихобот халал расондааст.

Ин китоби хотираҳои президенти фирорӣ, ки дар ғайбаш дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст, аз дусад саҳифа иборат буда, аз чанд бахш, аз ҷумла бахшҳои "Ҳамааш чи гуна оғоз шуд?", "Ҳамсояҳоро Худо медиҳад", "Дар бораи инқилоби моҳи март"... ва "Дар бораи пойгоҳи Амрико дар Манас" иборат аст.

"Дар ҳаёти ҳар як раҳбар рӯзҳое мешаванд, ки беш аз ҳар вақти дигар масъулият эҳсос мекунад. Ҳар як ҳарфро месанҷад, ҳар як қадамашро фикр мекунад. Ин китоб ёдоварӣ аз ҳамон лаҳзаи зиндагии Қурмонбек Боқиев аст," – гуфта шудааст дар пешгуфтори китоби Боқиев, ки бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба забонҳои русӣ ва қирғизӣ нашр шудааст.

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, тобистони соли гузашта дар ғиёбаш ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ӯро барои даст доштан дар куштори эътирозгарони соли 2010 муттаҳам медонанд. Додгоҳи низомии Бишкек бародари вай Ҷаниш Боқиевро, ки фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурӣ буд ва ҳамчунин Дониёр Усенов-нахуствазири пешинро дар ғайбашон ба ҳабси абад маҳкум кард.

25 нафари дигар, ки дар миёни онҳо хешовандони Боқиев низ ҳастанд, аз 6 сол то 25 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо ё барои тирандозӣ ба сӯи эътирозгарон ва ё барои содир кардани дастури тирандозӣ гунаҳкор дониста мешаванд. Дар ин тирандозиҳо дар майдони марказии Бишкек тақрибан 100 нафар кушта, 400 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

XS
SM
MD
LG