Ишораи Э.Раҳмон ба "намунаи олии шарикии давлат ва бахши хусусӣ"

Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи муҷтамаи бинокардаи ширкати "Фароз"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми сентябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҷтамаеро боз кард, ки ширкати хусусии «Фароз» онро сохта дар истифодааш шарик хоҳад буд.

Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як расми бошукӯҳ Терминали Хадамоти гумрукро боз кард, ки онро ширкати хусусии «Фароз» сохта ва таҷҳизонидааст ва дар истифодаи он низ шарики давлат хоҳад буд. Ҷамъияти “Фароз” ба хешони раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар риштаҳои мухталифи тиҷоратии кишвар фаъолияти густарда дорад. Ва раҳбарии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бар дӯши писари раисиҷумҳур, генерал-майор Рустами Эмомалӣ вогузор шудааст. Бо назардошти он ки маҷмуаи ин марказҳоро "Фароз" сохта ва раисиҷумҳур онро “намунаи олии шарикии давлат ва бахши хусусӣ” номид, ин ҳамкорӣ бештар метавонад додугирифти давлатӣ дар дохили як хонавода унвон шавад.

Густариши фаротар ва таъсиси муҷтамаъ ё комплекси “Фароз”-ро раисиҷумҳури Тоҷикистон яке аз самараҳои истиқлолияти кишвар номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ба шарофати он ба миллати сарбаланду ободгари мо имконияти амалӣ намудани ормонҳои деринаи миллӣ фароҳам омада, ҳар як фарди ватандӯст метавонад барои ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон саҳми бевоситаи худро гузорад.”

Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон таъсиси коргоҳҳоро “омили асосии таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ” ва “яке аз воситаҳои муҳиму таконбахши рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ” номид. Ин дар ҳолест, ки ҷамъияти “Фароз” бештар ба риштаи хидматрасонӣ рабт дорад ва худи раисиҷумҳур дар бораи он гуфт: “Маҷмааи корхонаҳое, ки имрӯз аз ҷониби Ҷамъияти «Фароз» ба истифода дода шуд, иборат аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ мебошад.”

Раисиҷумҳур Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар ин миён сохтмони Терминали гумрукии байналмилалии автомобилӣ фармоиши давлатист ва бо ёрии молии Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ гаштааст.

Дар ифтитоҳи муҷтамаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон аз мактаби ронандагии назди ин марказ, майдони машқи ронандагӣ ва хадамоти санҷиши фаннии василаҳои нақлиётӣ ситоиш намуда, ҳамчунин чопхонаи ин марказро яке аз мояҳои рушди саноати полиграфии кишвар унвон кард. Вай афзуд: "Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин толори варзишии дорои тамоми шароити машқу тамрин бунёд шудааст, ки ба кормандони коргоҳҳои имрӯза ва сокинони пойтахт имконияти хуби машғул шудан ба варзишро пешниҳод менамояд.”

Сардори давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки “таъсиси чунин коргоҳҳо аз ҷониби дигар соҳибкорони ватанӣ боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мегардад.”

Ҷамъияти «Фароз», бино бар асноди таъсисаш ба Маҳмадулло Соҳибов (60%) ва Зайнулло Соҳибов (40%) тааллуқ дорад. Маҳмадулло Соҳибов қудои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Писари Маҳмадулло -- Шамсуллоҳ Соҳибов бо духтари сеюми Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кардааст. Зайнулло Соҳибов бародарзодаи Шамсуллоҳ аст, ки дар моҳи ноябри соли гузашта ва пас пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ раиси корхонаи “Сементи тоҷик” – бузургтарин корхонаи тавлиди сементи Тоҷикистон таъин шуд. Бародари ӯ -- Муҳаммадзоир Соҳибов домоди калонии раисиҷумҳур мебошад, ки бо Фирӯза, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кардааст. Вай то соли 2008 раиси Биржаи молу ашёи хом буд. Ҳамон сол ба мақоми мудири Оҷонсии харидҳо, корҳо ва хадамоти давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, вале дар соли 2011 ба таври мармуз аз ин мақом рафт. Баъди он Муҳаммадзоир Соҳибов асосан ба тиҷорат машғул шуд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, назорати як силсила тиҷоратҳои пурфоида, аз ҷумла назорати бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар Қӯрғонтеппа ва бозори асосии ноҳияи Ҳисорро дар даст дорад. Узви дигари ин хонадон -- Нарзулло Соҳибов моҳи майи соли равон муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашт.

Номи “Фароз” замоне расонаӣ шуд, ки дар моҳи декабри соли 2012 дар фурудгоҳи Дубай шахсе бо номи Умаралӣ Қувватов боздошт шуд, ки мегуфт, соҳибмулки ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” буд, аммо наздикони раисиҷумҳур ин ширкатҳоро аз ӯ рабудаанд. Намояндаи расмии “Тоҷирон” иддаои Қувватовро рад кард, аммо “Фароз” дар ин бора баёноте надодааст. Мақомоти давлатии Тоҷикистон Қувватовро ба рабудани 6 миллион сомонии ин ширкатҳо гунаҳкор ва истирдоди ӯро аз Дубай талаб карданд. Муҳокимаи тӯлонии парванда бо радди дархости мақомоти Тоҷикистон ба поён расид.

Ҷамъияти “Фароз” – ширкатест, ки ба навъҳои гуногуни бизнес, аз ҷумла воридоти маводи сӯхт, иҷорадиҳии анборҳои ин мавод, содироти маводи сӯхт барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, ҷамъоваранда ва содиркунандаи эксклюзиви шираи камол, омӯзониши ронандагон ва ташкилкунандаи имтиҳонҳои ронандагӣ, тавлидкунандаи эксклюзивии шумораҳои давлатии василаҳои нақлиётӣ ва ғайра.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар ифтитоҳи мактаби ронандагии “Автосантал”-и ширкати “Фароз” дар моҳи августи соли гузашта ширкат ва суханронӣ карда буд, аммо қаблан асосан расми ифтитоҳи корхонаҳоеро баргузор мекард, ки аз давлат сармоягузорӣ мекард ё дар ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сохта мешуданд. Барои бисёре аз соҳибкорон ширкат ва суханронии раисиҷумҳур дар расми ифтитоҳи корхонаҳои онҳо мояи ифтихор, таблиғ ва гарави бархӯрди эҳтиётомези ниҳодҳои давлатӣ ба шумор меравад.

Tajikistan -- President Emomali Rahmon Family Tree, infographic, 20Jun2012