Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 30-юми май дар суҳбат бо аҳли илм ва маориф дар Душанбе ба забон овард.
Ба назар мерасад, ҳадафаш аз ин изҳорот на тағйири зудрас дар ҳукуматдорӣ, балки бештар мақоми илмист. Чун дар идомаи суҳбаташ афзуд, "касе ҳатман ҷойгузини каси дигар мешавад, аз ҷумла шогирд ба ҷойи устод."
Аз ин рӯ, ба қавли Раҳмон, "ба ҷойи дастгирӣ кардани ҷавонон нисбат ба онҳо кӯтоҳбиниву тангназарӣ зоҳир намудан кори тамоман нодуруст мебошад. Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд."
дар пайванд ба мавзуъ: Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕОПрезиденти Тоҷикистон дар гузашта ҳар сол дар остонаи Наврӯз бо намояндагони илму маориф мулоқот карда, масъалаҳои вобаста ба ин соҳаро дар миён мегузошт. Баъзе аз рӯшанфикрон ва намояндагони мухолифон онро бештар маъракаи ситоиш аз раиси ҷумҳур ва ҷойи ҳалли мушкилҳои шахсӣ медонистанд.
Дар чор соли охир чунин мулоқот нагузашт ва сабабаш ҳам маълум нест. Мақомот мегӯянд, рӯзи 30-юми май барои баррасии "рушди илм ва дурнамои он, омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ихтироъкорӣ, тарбияи кадр" намояндагони илму маорифро ҷамъ оварданд. Иддае дигар бовар доранд, ки ин мулоқот ба тасмимҳои охири ҳукумат, аз ҷумла ба таблиғи фарҳанги, ба истилоҳ, миллӣ ва мубориза бо тундгароӣ пайванд дорад.
Дар ҳар сурат, дар мулоқоти рӯзи 30-юми май раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ислоҳот дар Академияи миллии илмҳо даъват кард ва гуфт, кори ин ниҳод ҷавобгӯи харҷе нест, ки ба он карда мешавад. Барои бознигарии кори Академия ва ислоҳот дар он се моҳ фурсат дода шудааст.
Пешниҳоди ислоҳоти амиқ дар ин ниҳод ҳанӯз соли 2011 аз тарафи академик Акбар Турсон расонаӣ шуда буд. Раҳмон ӯро бо ваъдаи иҷрои ин барнома ба ватан даъват кард, вале шароити иҷрои тарҳро фароҳам наовард.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои олӣ ва аз соли 1994 то ин дам президенти Тоҷикистон аст. Ӯ, ки дар солҳои аввали расиданаш ба қудрат гуфта буд, танҳо як бародар дорад, ҳоло фарзандону наздикони сершуморашро дар идораи ҳукумат ҷой дода ва ё барои рушди тиҷорату сарватандӯзии онҳо имтиёзу масуният додааст.