Арзиши рубли русӣ рӯзҳои ахир дар баробари пулии миллии Тоҷикистон дигарбора поин рафт. Агар ду ҳафта пеш ҳазор рубли русӣ дар бонкҳои кишвар 115-116 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 106-108 сомонӣ расидааст.
Бонки миллӣ чунин равандро шарҳ надодааст ва дар бархе бонкҳои тиҷоратӣ низ коҳиши қурби рублро дар ҳафтаҳои ахир бидуни шарҳи бештар тасдиқ намуданд.
Қурби доллари амрикоӣ бошад дар рӯзҳои ахир бетағйир монда, 100 доллар ба 1058-1061 сомонӣ баробар аст.
Поин рафтани арзиши руби русӣ ҳамеша боиси нигаронии хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар тағйир дар қимат ё арзиши рубл ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.