Агар рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта ҳазор сомонӣ ба 106 сомонӣ баробар буд, субҳи имрӯз, 26-уми ноябр, Бонки миллӣ қимати ҳазор рублро ба 102 сомониву 60 дирам муқаррар кардааст. Аммо дар бархе аз бонкҳои тиҷоратӣ он бо 100 сомонӣ ҳам фурӯхта мешавад.
Бонки миллӣ чунин равандро шарҳ надодааст ва дар бархе бонкҳои тиҷоратӣ низ коҳиши қурби рублро дар ҳафтаҳои ахир бидуни шарҳи бештар тасдиқ карданд.
Қурби рубл барои аксар сокинони кишвар муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар тағйир дар қимат ё арзиши рубл ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.