Ҳамсари Умаралӣ Қувватов: "Дигар ба ҳеҷ гурӯҳ бовар надорам"

Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов

Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, мунтазири гирифтани шаҳрвандии як кишвари ғарбӣ аст ва қасд дорад, қотилони шавҳарашро пайдо кунад.

Вақте падарашро парронданд, аввал ба зону афтод ва ба сӯи мо нигоҳ кард, ки оё моро низ куштанд, ё не. Дид, ки зиндаем, дар замин афтод ва ҷон дод.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” шаби 5-уми марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Мақомоти Туркия Сулаймон Қаюмов, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.

Қумриннисо Ҳафизова мегӯяд, фармоишгар ва чаҳор нафари дигар, ки дар марги шавҳараш даст доштанд, боздошт нашудаанд, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, фармоишгар ва як қотилу се ҳамроҳаш барои мақомоти турк маълум аст.

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов рӯзи 5-уми марти имсол, дар сеюмин солгарди куштори шавҳараш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз дарёфти шаҳрвандии яке аз кишварҳои ғарбӣ талоши ба ҷавобгарӣ кашидани фармоишгар ва қотилу шариконашро мекунад. Ӯ ба далелҳои амниятӣ макони иқоматашро ошкор накард, аммо гуфт, пас аз марги шавҳараш чӣ рӯзгор дорад.

Пас аз куштор ва зиндагӣ дар ҳиҷрат

Қумриннисо Ҳафизова: Вақте шавҳарамро куштанд, моро аз Истанбул ба Анкара бурданд. Онҷо парвандаи марги шавҳарамро тафтиш мекарданд. Дороиҳои моро тафтиш карданд, ки дар кадом бонк пул дорем. Чун мехостанд, бифаҳманд, ки пуле барои мустақилона ва бидуни кумаки кадом давлат зистанро дорем ё не. Аммо шавҳарам танҳо ҷони худашро гирифта аз ватан берун шуда буд. Мо бо пули фурӯши як мошин ва хона бо кӯдакон тариқи марзи Қирғизистон Тоҷикистонро тарк кардем. Пас аз 22 рӯзи кушта шудани шавҳарам, Созмони Миллали Муттаҳид дахолат кард ва ману кӯдаконро гирифта, ба яке аз кишварҳои ғарбӣ парвоз кардем. Моҳҳо дар ҳолати шок қарор доштам. Замони берун шудан панҷ кӯдак ҳамроҳам буд ва худам ҳомиладор будам. Як хона доданд, холӣ буд ва шароити дуруст барои зистан надошт. Илова бар ин, аз ҳар тараф пайваста ба ман менавиштанд, ки чаро рафтед, чаро ҷони худу шавҳаратро дар хатар гузоштед? Танҳоӣ ва ин пурсишҳо маро ба он вомедошт, худамро гунаҳкор ҳисоб кунам, ки пеши тирро нагирифтам, то шавҳарам кушта нашавад. Мегуфтанд, ки зани хуб мебудӣ, шавҳаратро намегузоштӣ ба сиёсат даст занад. Ин ҳарфҳо ба ҳолати рӯҳиам таъсири бад мерасонд. Худамро он замон гунаҳкор медонистам, ки ба шавҳарам нагуфтам, берун набаро. Ҳолате шуд, ки кӯдаконамро нигаҳбонӣ карда наметавонистам, хӯрок пухта наметавонистам, берун баромадан ва бо

Суулаймон Қаюмов

касе сӯҳбат кардан намехостам. Муолиҷа гирифтам. Хонаи мо дар ин кишвари аврупоӣ аз кишварҳои дигар фарқ дорад. Иҷораи хонаро аз ҳаққи паноҳандагӣ пардохт мекардам. Парвандаи шавҳарам тамом нашуда буд. Пули лозим намедоданд. Хонаамон назди масҷид буд. Намозгузорон вақте аҳволамро фаҳмиданд, пули иҷораи хонаамро давоми шаш-ҳафт моҳ пардохт карданд. Хешу табори шавҳарам моро кӯмак накарданд. Вақте ин ҷо омадем, аз шароити сахт санбӯсаву кӯлчаи тоҷикӣ мепӯхтам ва духтари калонам ҳамроҳ бо писарам дар бозоре мефурӯхтанд. Ҳоло вазъамон хубтар шудааст. Пули паноҳандагие, ки барои шаш кӯдак медиҳанд, кифоят мекунад.

Мушовири шавҳар

Озодӣ: Гуфтед, ки худатонро дар марги шавҳаратон гунаҳкор медонистед?

Қумриннисо Ҳафизова: Ин дар ҳолате буд, ки маро гунаҳкор мекарданд ва аз ҳар тараф менавиштанд. Ба он хотир худамро гунаҳкор медонистам, ки фикр мекардам, пеши роҳи шавҳарамро нагирифтам. Фикр мекардам, ки агар шавҳарам даст ба сиёсат намезад, мумкин ҳоло зинда мебуд. Аммо аз роҳе, ки шавҳарам пеш гирифта буд, пушаймон нестам. Шавҳарам мард зист.

Духтари калонам, ки 17 сол дорад, пизишк шудан мехоҳад. Хонандаи фаъол аст ва аз тарафи мактаб чанд ифтихорномаву медал гирифтааст. Писари калонам, ки 14-сола аст, дар мактаби англисӣ-фаронсавӣ мехонад.

Озодӣ: Бисёриҳо мегуфтанд, ки мушовири аслии Умаралӣ Қувватов ҳамсараш аст. Воқеан, шумо чӣ машварат медодед?

Қумриннисо Ҳафизова: Вақте шавҳарам ба ин роҳ рафт, аз ман напурсид. Вақте аз Тоҷикистон берун шуд, аз Маскав занг зад ва гуфт, ки метавонем, ақди никоҳамонро қонунӣ бекор кунем ва танҳо дар ақди исломиам бошӣ. Гуфт, ба хотири зиён нарасондан ва мондани худату фарзандонамон бояд вонамуд кунем, ки аз ҳам ҷудо шудаем. Инро нахостам. Нахостам, ки ӯро дар ин роҳ танҳо гузорам. Гуфтам, агар ин хел кунем, мегӯянд, шавҳарашро дар лаҳзаи мушкили зиндагӣ танҳо гузошт. Аз пушташ Тоҷикистонро тарк кардам. Ба сиёсат ворид шуданаш маслиҳати ман набуд. Танҳо вақте ба сиёсат ворид шуд, баъдан бисёр масъалаҳоро бо ман машварат мекард. Дар паҳлӯяш будам. Баромад мекард, ё чизе менавишт, кумакаш мекардам. Баромадҳояшро бо ман машварат мекард. Назарамро мепурсид. Фақат машварат мекард, аммо ин хел набуд, ки ба ҳамаи гуфтаҳоям амал кунад. Агар ӯ гапи маро мегирифт, чандин бор, вақте дар зиндон буд, мегуфтам, ки аз ин роҳ баргард. Мегуфтам, ки фикри ману фарзандҳоятро кун, ки баъди зиндонӣ шуданат касе паврои онҳо надорад. Гапамро намегирифт. Ҳарчанд ҳоло шаш кӯдакро калон кардан осон нест, лекин фикр мекунам, ки ӯ дар роҳи дуруст буд.​

Вақте падар пеши писар кушта мешавад...

Озодӣ: Шавҳаратонро пеши чашми кӯдакон кушта шуд. Маъмулан, дар чунин ҳолат вазъи рӯҳии кӯдак осеб мебинад ва кӯдакон уқдагир мешаванд. Вазъи кӯдакони шумо чӣ гуна ҳаст?

Қумриннисо Ҳафизова

Қумриннисо Ҳафизова: Вақте ба ин давлат омадам, писарам ҳамон лаҳзаи кушторро пайваста пеши назар меовард: Вақте падарашро парронданд, аввал ба зону афтод ва сӯи мо нигоҳ кард, ки оё моро низ куштанд, ё не. Дид, ки мо зиндаем, баъдан ба замин афтода ҷон дод. Бо ёдоварӣ аз ин он лаҳза гиря мекард, ки агар ҳадафашон куштани як нафар буд, кош маро мекуштанд. Ин таъсири пурсишҳо дар вақти тафтиш буд, ки ҳар лаҳза кӯдакро маҷбур мекарданд, то ҳамон лаҳзаро ба ёд биорад. Шабҳо паҳлӯям хоб мекард ва мегуфт, фикр мекунад, ки падараш бо пешонии хуб дар он хона қарор дорад. Як сол ин вазъ давом кард. Ӯро ба равоншинос бурдем. Ҳар ҳафта се рӯз бо ӯ сӯҳбат мекард. Кӯшиш мекунам, ки лаҳзаи кушта шудани падараш аз зеҳнаш дур шавад. Ҳанӯз ба ёдаш ҳаст. Духтари бузургам ҳам аҳволи бародарашро дорад. Баъзан, писарам мегӯяд, ки қасос мегирад. Мегӯям, ки фаромӯш кун, он молу мулке гирифтанд, меҳнати падарат буд, ба худаш насиб накард. Шумо бояд ҳамаро аз сари нав барои худатон бисозед. Мегуфт, ки мехоҳад, баргардад ва молу мулки падарашро пас гирад. Баъзе ҳолатҳое мешавад, ки бо нафрат гап мезананд, ки падари моро ҳамватанони худамон куштанд. Падарро пеши писар куштанд, даҳшат аст. Фикр мекунам, ки то охири умр фаромӯш карда наметавонад. Дилшикаста мешавад. Писари хурдиам, ки заҳри зиёд хӯрда буд, он лаҳзаро чандон дар хотир надорад.

"Ҳанӯз қотилони асосӣ дар озодиянд"

Озодӣ: Фарзандонатон кӣ будан мехоҳанд? Шумо дар онҳо чӣ истеъдодро мебинед?

Яке аз фарзандони Қувватов

Қумриннисо Ҳафизова: Духтари калонам, ки 17 сол дорад, пизишк шудан мехоҳад. Хонандаи фаъол аст ва аз тарафи мактаб чанд ифтихорномаву медал гирифтааст. Писари калонам, ки 14-сола аст, дар мактаби англисӣ-фаронсавӣ мехонад. Ҳамзамон онҳо дар мадрасаи исломӣ низ мехонанд. Ҳар сол сертификат мегиранд. Писарам мехост, мисли падараш тоҷир шавад, вале хоҳиш кардам, ки пулис шавад. Розӣ шуд, ки пулис шавад. Кӯдакони хӯрдам ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд. Ҳоло касберо интихоб накардаанд. Зуд-зуд фикрашонро иваз мекунанд.

Озодӣ: Дар ниҳоят Сулаймон Қаюмовро дар марги шавҳаратон гунаҳкор карда, ӯро ба зиндони якумрӣ маҳкум намуданд. Фикр мекунед, адолат барқарор шуд?

Қумриннисо Ҳафизова: На, он нафари асосие, ки шавҳарамро қатл кард, аз Туркия тавонист фирор кунад. Се нафаре, ки ҳамроҳи ӯ фирор кардаанд, номҳояшон ҳаст ва ба Тоҷикистон рафтаанд. Сулаймон Қаюмов, ки нақши асосӣ бозидааст, ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд, лек адолат барқарор нашуд. Чун Туркия номи он чаҳор нафари дигар ва фармоишгарро ошкор накард. Ҳарчанд медонем, ки мақомоти Туркия фармоишгар ва миқдори маблағ барои кушторро ошкор кардааст, онро фош намекунад. Онҳое, ки дар қатли шавҳарам даст доштанд, аз зану модару фарзандонашон мебинанд. Ин мусибате, ки болои мо оварданд, ҳатман худашон мебинанд. Ҳоло интизорам, ки шаҳрвандиамро бигирам ва баъдан, дубора аз пайи ин қазия шавам. Туркия меравам ва қазияро мебардорам. Қотилонро ҳеҷ гоҳ намебахшам ва мехоҳам, аз роҳи қонун бояд онҳо ҷазо бигиранд.

"Ба ҳеҷ гурӯҳ бовар надорам"

Озодӣ: Феълан, фаъолияти сиёсӣ доред ва умуман муносибататон бо “Гурӯҳи 24” чӣ гуна аст?

Қумриннисо Ҳафизова: Не, бо ягон гурӯҳ фаъолият надорам, аммо ҳамчун ҷабрдида аз ҳукумат мухолиф мемонам. Бо ягон гурӯҳ иртибот надорам, зеро ба касеву гурӯҳе бовар кардан мушкил аст.

Озодӣ: Дарду аламатонро чӣ гуна холӣ мекунед?

Қумриннисо Ҳафизова: Ба Худо роз мегӯям. Солҳои аввале, ки шавҳарамро куштанд, зиёд гиря мекардам, ки ягон нафар суроғ намекунад. Танҳо модарам буд, ки занг мезад ва маро тоқат карда, гӯш мекард. Модарам ҳам даргузашт. Дард аст, вақте ба ҷанозаи модар рафта наметавонӣ. Соатҳо мегиристаму мегуфтам ва танҳо модарам буд, ки гӯш мекард. Бо аксҳои шавҳарам гап мезанам ва фикр мекунам, бо ман аст. Акси калонашро дар хона насб кардаам. Ҳар рӯз вақте аз хона берун мешавам, фикр мекунам, шавҳарам ҳамроҳам ҳаст. Бисёр занҳо пас аз марги шавҳар ӯро фаромӯш мекунанд. Либоси дароз мепӯшам, сатр мекунам, дар автобус назди мардҳо намешинам, чун фикр мекунам шавҳарам маро мебинад. Намехоҳам рӯҳи ӯро биранҷонам.