Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост, ба Русия нараванд

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Ин вазорат рӯзи 5-уми сентябр дар баёнияе гуфт, дар Русия чораҳои амниятӣ сахт ва тафтиши санадҳо дар марз афзоиш ёфтааст.

Моҳи июл мақомоти Қирғизистон аз афзоиши фишор ба муҳоҷирони қирғиз дар Русия хабар дода буданд.

Дар Русия фишору азияти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Садҳо муҳоҷири тоҷик низ аз таҳқиру озору азият дар Русия шикоят мекунанд.

Тафтишҳо пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл" дар моҳи март афзуд.

Мақомоти Русия беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистонро ба гумони ҳамла ба ин толори мусиқӣ ё ёрӣ додан ба ҳамлаварон дастгир кардаанд.

Чанде аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии қарори додгоҳ шуданд, вале посухи рад гирифтанд. Шиканҷаи ошкори гумонзадҳо дар рӯзҳои аввали боздошт мунсифона будани тафтиши қазияро зери суол гузоштааст.

Аз аввали сол ҳазорон тоҷикистонӣ ба Русия роҳ наёфтанд ва ҳазорон нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд.