Қазоқистон содироти шакарро то охири тобистони имсол манъ кард

Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки содироти шакарро то 31-уми августи имсол манъ кунад.

Дар шарҳи қарор омадааст, "содироти шакар ба хориҷ аз Қазоқистон барои таъмини доимии бозори дохилӣ" манъ карда мешавад.

Бар асоси ин қарор, содироти шакар аз Қазоқистон ба кишвари севум, аз ҷумла ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Русия узви онанд, манъ мешавад.

Хадамоти матбуотии сарвазири Қазоқистон хабар додаааст, ки қарори мазкур ба транзити байнулмилалии шакар дахл надорад.

Ҳукумати Қазоқистон дар моҳи майи соли 2022 низ дар пасманзари камчин шудани шакар содироти онро барои шаш моҳ манъ карда буд.