Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки мушовири сафорати ин кишварро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ "фавран" бозхонд мекунад.
Сабаби тасмим муроҷиати видеоии ҳамсари мушовир шудааст. Дар он видео зан аз хушунат дидан аз ҷониби шавҳараш Сакен Мамаш шикоят кард.
Изҳороти зан дар саҳифаҳои тарҳи "НеМолчи.kz" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Сакена Мамаша, ҳамсари мушовири сафорати Қазоқистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯяд, даҳ сол боз аз ҷониби шавҳараш хушунат мебинад.
"Ҳамсари ман, мушовири сафир дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дирӯз ман ва хоҳарамро латукӯб кард, ки ба дидорбинии ман омада буд. Ман аз ҷониби давлат кумак талаб мекунам", - нақл кард Карина Мамаш.
Баъд аз ин навор Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мушовири сафирро ба Қазоқистон бозхонд кард.