Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, раъйпурсӣ барои бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар он кишвар 6-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
"Тибқи нақшаи таҳияшуда, ин раъйпурсӣ 15,5 миллиард танга харҷ дорад", - изҳор доштааст узви комиссия Сабила Мустафина.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин пул харҷи 78 нуқтаи раъйдиҳӣ дар 63 кишвари хориҷӣ низ шомил аст.
71 дарсади пулҳо ба пардохти маоши аъзои комиссияҳои минтақаӣ ва назоратӣ, ки беш аз 70 ҳазоранд, равона хоҳад шуд.
Пештар президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор мешавад.
Тоқаев баъд аз нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаиро чанд бор мешавад, матраҳ мекунад. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистонро баррасӣ карда буд.