Ҳукумати Қатар Ҷон Ашкрофт, додситони собиқи кулли Амрикоро киро кардааст, то собит кунад, ки иттиҳомоти кишварҳои ҳамсояи арабӣ ва иддаоҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи ҳимояти Қатар аз терроризм асос надоранд.
Қатар ба ширкати Ashcroft Law Firm барои 90 рӯзи кор 2 миллиону 500 ҳазор доллар мепардозад ва мехоҳад, ширкат нишон бидиҳад, ки Қатар ба зидди терроризм мубориза мебарад ва муқаррароти муомилаи молии таъйинкардаи вазорати молияи Амрикоро риоят мекунад.
Санади киро кардани ширкати ҳуқуқии додситони собиқи кулли Амрико рӯзи 9-уми июн аз тарафи вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида нашр шуд, зеро бар асоси қонун ин гуна қарордодҳо бояд дар вазорат сабт шаванд.
Дар номаи Майкл Салливан, ҳамкори ширкати ҳуқуқии Ашкрофт ба вазорат, омадааст, ки кори ширкат “вокуниш ба бӯҳрон, барномарезӣ ва таҳлили система, мусоидати матбуотӣ, маориф ва дифои талошҳои таърихӣ, феълӣ ва ояндаи мизоҷ дар мубориза бо терроризм ... аст.”
Ҷон Ашкрофт аз соли 2000-ум то соли 2004 дар аҳди Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико додситони кулл буд ва баъдан ширкати ҳуқуқии хусусӣ таъсис дод.
Қатъи робитаҳо ва муҳосираи Қатар
Чаҳор кишвари арабӣ, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср рӯзи 5-уми июн Қатарро ба ҳимоят аз тундравони исломӣ ва рақибашон Эрон муттаҳам карданд ва ҳамкориҳои дипломатиашонро бо он кишвари хурду сарватманди арабӣ қатъ қарданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қатар мегӯяд, ин иддаоҳо асос надоранд. Рӯзи 8-уми июн кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ, феҳрасти афрод ва созмонҳоеро, ки бо Қатар иртибот доштаанд, нашр кард ва гуфт, ки ҳамаи онҳо “террористон” ҳастанд. Дар феҳраст аз ҷумла Юсуф ал-Қарадовӣ, раҳбари мисрии созмони Ихвонулмусилин ва 12 муассисаи хайрияи Қатар шомиланд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми июн гуфт, “Қатар муддатҳои тӯлонӣ ва дар сатҳи бисёр боло сармоягузори терроризм буд.” Давлати Арабистони Саудӣ Доналд Трампро барои чунин баёнияааш дар бораи Қатар ситоиш кард. Баёнияи Доналд Трамп дар ин бора баъди фурсати кӯтоҳе аз он садо дод, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико аз Арабистони Саудӣ ва шариконаш хост, ки муҳосираи заминӣ ва ҳавоии Қатарро сабуктар кунанд.
Айни замон ҳавопаймоҳои ширкатҳои Қатар наметавонанд, аз қаламрави ҳавоии чаҳор кишвари арабӣ парвоз кунанд ва маҷбуранд, роҳи тӯлонитарро барои бурдани мусофирон тай намоянд. Тақрибан нисфи маводи хӯрокаи Қатар низ аз Арабистони Саудӣ таъмин мешавад.
Тақозоҳои байналмилалӣ барои ҳалли бӯҳрон
Русия аз кишварҳои арабӣ хост, ки моҷарояшонро аз роҳи муколама ҳал кунанд. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи 10-уми июн гуфт, кишвараш умедвор аст, тафриқа байни “кишварҳои мусулмонӣ” пеш аз иди Рамазон “аз тариқи муколамаи мусолиматомез рафъ шавад.”
Туркия мисли Қатар аз созмони Ихвонулмуслимин ҳимоят кардааст, ки соли 2013 дар Миср сари қудрат омад, вале ба дасти Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури феълӣ сарнагун шуд. Созмони Афви Байналмилал гуфт, бар асари ин моҷарои дипломатӣ мардуми оддӣ “дилшикаста шуда ва ба ҳарос афтодаанд.”