Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, фишор болои Қатарро афзоиш дод ва аз сармоягузории эҳтимолии террористон тавассути Доҳа сухан гуфт. Ӯ рӯзи 9-уми июн дар нишасти муштараки матбуотӣ бо раиси ҷумҳури Руминия Клаус Йоҳанис гуфт, “мутаассифона, Қатар таъминкунандаи молии терроризм аст”.
Трамп афзуд, “мо бояд сармоягузории терроризмро мутаваққиф кунем. Замони он фаро расидааст, то аз Қатар бихоҳам, ки аз таъмини молии террористон даст бардорад. Онҳо бояд сармоягузории террористон ва назариёти тундравонаро қатъ кунанд.”
Ин дар ҳолест, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 9-уми июн аз Мисру Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабии Халиҷи Форс хост, то муҳосираи Қатарро “сабуктар” кунанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ин вазъият ба ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи ба раҳбарии Амрико алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” халал ворид кардааст.
Қаблан президенти Амрико дар суҳбати телефонӣ бо амири Қатар Тамим бин Ҳамод ал-Танӣ гуфта буд, омодааст, ки дар ҳалли бӯҳрони кишварҳои Халиҷи Форс ёрӣ кунад.
Рӯзи 5 июни имсол Мисру Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Либия муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд. Ба гуфтаи роҳбарони арабӣ, Қатар аз тундгароён ва Эрон пуштибонӣ мекунад. Аммо мақомоти Қатар қатъи робитаҳои дипломатиро бемаврид ва иттиҳоми пуштибонӣ аз терроризмро беасос номиданд.