Қатъномаи нав дар бораи Фаластин. Ройдиҳӣ дар Маҷмаи Умумӣ

Акс аз бойгонӣ

Маҷмаи Умумии Созмони Милал, ки 193 узв дорад, рӯзи 18-уми сентябр ба тасвиби қатъномае дар бораи Фаластин раъй хоҳад дод.

Дар ин санад аз Исроил талаб мешавад, ки ҳузури тақрибан яксола ва “ғайриқонунии худ”-ро дар Навори Ғазза ва Каронаи Ғарбии ишғолшуда бас карда, нерӯҳояшро берун кашад.

Қатъномаро дар ҳоле ба баррасӣ ва қабул пешниҳод кардаанд, ки ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” дар Навор Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 боз идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Ҷангҷӯёни "Ҳамос" дар моҳи октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳамла карда, ҳудуди 1200 нафар, аксаран ғайринизомиёнро кушта ва 250 нафарро гаравгон гирифтанд.

Ин ҳамла боис ба сар задани ҷанг дар Навори Ғазза гашт. Аз он замон то кунун дар пайи ҳамлаҳои Исроил беш аз 40 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.