Қайроққум Ориёкант мешавад ва Чкалов - Шоҳкант

Шаҳри Чкалов

Шаҳрҳои Қайроққум ва Чкалови вилояти Суғди Тоҷикистон бо қарори маҷлисҳои вакилони ин ду шаҳр ба Ориёкант ва Шоҳкант табдили ном мекунад.

Мақомоти шаҳрҳои Қайроққум ва Чкалови вилояти Суғд мегӯянд, номи ин ду шаҳр бар асоси талабу пешниҳоди табақаҳои гуногуни аҳолиаш ба Ориёкант ва Шоҳкант иваз карда мешавад.

Лоҳуршоҳ Насруллошоҳзода, мудири шӯъбаи ташкилии ҳукумати шаҳри Қайроққум рӯзи 26 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “табақаҳои гуногуни ҷомиаи шаҳр ва равшанфикрон номи Ориёкантро пешниҳод карданд ва маҷлиси вакилони шаҳр рӯзи 25 июн якдилона аз он пуштибонӣ кард.”

Аммо ин намояндаи ҳукумати Қайроққум иқрор кард, ки бори аввал пешниҳоди маҳз Ориёкант ном кардани Қайроққум аз забони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд: “Албатта, аз тарафи сарвари давлат чунин ҳидоят шуда буд, ки номи шаҳрро ба Ориёкант иваз кунем. Лекин то имрӯз Пажӯҳишгоҳи таъриху Академияи илмҳо ва Энсиклопедияи миллии тоҷик пешниҳодҳои гуногуне доданд ва аз байни онҳо аз ҳама муносибтару мувофиқтар барои табдили номи шаҳри Қайроққум ҳамин номи Ориёкант дониста шуд.”

Боқӣ Қудратов, сармутахассиси шӯъбаи идеологии ҳукумати шаҳри Чкалов низ рӯзи 26 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, пешниҳоди ба Шоҳкант иваз кардани номи ин шаҳр ним сол боз муҳокима мешуд: “Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузорӣ ҳаст ва як низомнома дар бораи номгузорӣ. Тибқи он дар шаҳри Чкалов кумиссиюни номгузорӣ амал мекунад, ки бар асоси пешниҳоди коллективҳои меҳнатӣ, Шӯрои собиқадорон ва маҳаллаҳо масъалаи табдили номи ин ё он маҳалла ё кӯчаро баррасӣ мекунад. Тайи ним соли охир пешниҳодҳо омаданд аз номи табибону омӯзгорон ва корхонаҳои саноатӣ, ки хуб мешуд, агар номи шаҳр ба ягон исми таърихӣ иваз карда шавад. Дар ниҳоят бо маслиҳат бо мақомоту идораҳои мухталиф, аз ҷумла бо Кумитаи забон, ҳамин номи Шоҳкантро писандиданд.”

"Баҳри тоҷик" дар Қайроқум.

Аммо ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, қарори маҷлиси вакилони маҳаллӣ танҳо марҳалаи якуми табдили номи ин ду шаҳр аст. Ин қарорҳо бар асоси тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон, бояд акнун аз сӯи маҷлиси вакилони вилояти Суғд низ баррасӣ шуда, танҳо баъди он ба ҳукумати марказӣ супурда шавад. Агар ҳукумат низ ин қарорҳоро бипазирад, барои тасвиби ниҳоӣ ба Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон муроҷиат мекунад.

Лоҳуршоҳ Насруллошоҳзода гуфт, Қайроққум дар гузашта ҳеҷ гоҳ Ориёкант ном надоштааст, вале “дар байни бостоншиносону таърихшиносон фарзияе ҳаст, ки дар ҳамон давраи Кӯчиши бузург ориёиҳо дар минтақае ки ҳоло обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст, маскун шуда, тайи чандин муддати зиндагӣ дар ин қаламрави як тамаддуни худро ҳам ба вуҷуд оварда будаанд.Ин ном аз ҳамин фарзия маншаъ мегирад.”

Шаҳри Қайроққум дар канори шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд ва дар соҳили обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст. Дар Қайроққум, ки соли 1963 аз шаҳрак ба шаҳр табдили мақом кард, бино ба омори соли 2014, 42 300 нафар ба сар мебаранд.

Чкаловск низ дар паҳлуи шаҳри Хуҷанд ҷойгир шуда, бо корхонаи фулузоти нодираш маъруф аст. Дар замони Шӯравӣ таъминоти ин шаҳр ба далели корхонаҳои махфии марбут ба саноати низомиаш аз ҳисоби Маскав сурат мегирифт.

Қарори маҷлисҳои маҳаллӣ дар бораи табдили номи шаҳрҳои Қайроққум ва Чкалов дар ҳоле сурат мегирад, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон тағйири номгузории хеле аз нуқтаҳои ҷуғрофӣ мавриди бозбинӣ қарор гирифтааст. Дар чорчӯби ин тағйири номгузориҳо аз ҷумла бисёре аз номҳои аз замони Шӯравӣ бозмондаи кӯчаву ноҳияву шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон иваз карда шуданд. Намунаҳои барҷастаи ин тағйири номҳо табдили исми шаҳру вилояти Ленинобод ба Хуҷанду Суғд, ноҳияи Ленин ба Рӯдакӣ, Пролетар ба Ҷаббор Расулов, Совет ба Темурмалик, Кофарниҳон ба Ваҳдат, Дарбанд ба Нуробод ва Нов ба Спитамен аст.

Ин табдили номгузориҳои замони Шӯравӣ тақрибан бо айни шеваҳои ҳамон даврон анҷом шуд ва барои мисол, ба ҷои номи Ленин, ки қариб дар ҳар ноҳияи Тоҷикистон номи кӯчаи марказиву колхози аз ҳама пешқадам ба исми ӯ буд, ҳоло дар тақрибан ҳар ноҳия ҳатман исми кӯчаи асосӣ ва ягон деҳа ё ҷамоат ба номи Исмоили Сомонӣ шудааст.

Дар солҳои охир, дар пайи тақрибан анҷом ёфтани номгузориҳои мероси замони Шӯравӣ, дар Тоҷикистон бештар табдили номҳои ҷуғрофии решаашон туркӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла соли гузашта дар вилояти Хатлон номи маҳалҳое, чун Чоктемур ба Бахтобод тағйир ёфта, номи рустои Бештегирмонро аз туркӣ тарҷума карда, Панҷосиёб номаш кардаанд.

Чунин шеваи табдили номҳои туркии маконҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар Узбакистони ҳамсоя ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шудааст. Бархе корбарони узбак дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо озурдагӣ навиштаанд, ки пас мақомоти Узбакистон низ бояд бо айни шева номҳои решаашон тоҷикиро ба узбакӣ иваз кунад. Яке аз онҳо ҳатто кинояомез пешниҳод кардааст, ки исми Ҳазораспро бояд ба Минг-От, Сиёҳбозори Самарқандро - ба Қарабозор, Шаҳрисабзро - ба Яшил Шахар ва Деҳнавро ба Янгӣ-Қишлоқ иваз кунанд.