Вазири тандурустии Тоҷикистон низ ному насаби худро ба таври миллӣ тағйир дода аз он пасвандҳои «ов»-у «вич»-ро гирифтааст. Аз вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал иттилоъ доданд, ки ин тасмими вазири тандурустии Тоҷикистон "ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар доираи талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аст". Ҳамакнун исми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҷойи Салимов Нусратулло Файзуллоевич ҳоло Нусратулло Файзулло шудааст.
Дар ин авохир дар Тоҷикистон зоҳиран як маъракаи нави табдили номи хонаводагии мансабдорони аршади давлатӣ мушоҳида мешавад. Танҳо дар чанд ҳафтаи охир чанд вазири тоҷик хабар доданд, ки исми хонаводагии худро тоҷикӣ карда, ба пасванди аз замоин Шӯравӣ меросмондаи “ов”-у “ев” алвидоъ гуфтаанд.
Аз ҷумла вазири кишоварзии Тоҷикистон моҳи январ дар нишасти хабариаш эълон кард, ки ӯ дигар на Қосим Раҳбарович Қосимов, балки Қосими Раҳбар аст. Ба дунбол, раиси Оҷонсии зидди фасод бо имзояш дар поёни матлабе дар бораи фаъолиятҳои ин Оҷонсӣ дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз табдили ному номи хонаводагиаш аз Фаттоҳ Ғоибович Саидов ба Абдулфаттоҳи Ғоиб дарак дод. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Худоёров Бахтиёр Таварович низ дар ҳамин рӯзҳои охир номашро ба Худоёрзода Бахтиёр Тавар иваз кардааст.
Самӣ Шариф ё Шариф Самӣ?
Ин маърака ин бор танҳо дар чордевори Душанбе маҳдуд нашуд ва аз ҷумла аз Қӯрғонтеппа хабар расид, ки шаҳрдори маркази вилояти Хатлон исмашро аз Шарифхон Самиев ба Самӣ Шариф иваз кардааст. Чунин тарзи номгузорӣ , яъне аз номи шахс пеш гузоштани номи хонаводагиаш дар навоҳии минтақаи Кӯлоб роиҷ аст, ки барои мисол, Одинаи Ҳошимро дар инҷо маъмулан Ҳошими Одина мегӯянд ва шаҳрдори Қӯрғонтеппа зоҳиран дар табдили номаш аз ҳамин шева кор бурдааст.
Ҳамин тавр, ҳоло дар ҳукумати Тоҷикистон як бахши аъзами вузарову раисони кумитаҳо исми худро тоҷикӣ кардаанд. Аз ҷумла муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон ҳанӯз 7 сол пеш, билофосила ба дунболи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пасванди “ов”-ро аз исми хонаводагиаш ҳазф кард. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот низ дар моҳи декабр, вақте ба ин мақом расид, алакай Гавҳар Шарофзода буд.
Муовини дигари сарвазир Азим Иброҳим шояд собиқадортарин соҳиби ному фамилияи тоҷикӣ дар ҳукумат аст. Ӯ ҳанӯз дар солҳои 90, ки чунин табдили ном аслан ба рушди карйераи соҳибаш кумак намекард, балки баръакс зиён меовард, исми хонаводагиашро тоҷикӣ карда буд.
Як ҳамсӯҳбати мо, ки дар зинаҳои баланди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекунад ва ҳанӯз дар поёни солҳои 80, дар мавҷи аввали гузариш ба номҳои тоҷикӣ исми хонаводагиашро иваз карда буд, бидуни бурдани ном қисса кард, ки ба далели фамилияи тоҷикиаш ҳамеша дар ҳошия қарор дошт. исми ӯро аз тамоми рӯйхатҳо - чӣ барио пешбарӣ ба мақоми баландтар, чӣ ба гирифтани унвону нишонҳои давлатӣ ва ҳатто аз рӯйхати довталабон ба сафарҳои хориҷӣ - хат мезаданд, чунки дар чашми болоҳо ӯ як "миллатгаро" менамуд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, танҳо вақте "сафед" шуд, ки дар остонаи Наврӯзи соли 2007 президент ҳам номи худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалии Раҳмон табдил дод.
Мансабдорони тоҷик дар соли 2007 бо илҳом аз ин ташаббуси раисиҷумҳур,бо шаст ба иваз кардани исмҳои хонаводагии худ пардохта буданд. Дар он мавҷи номивазкуниҳо аз ҷумла додситони кулли кунунӣ Шерхон Салимзода ва Муродалии Алимардон бо пасванди “ов” дар номи хонаводагии худ хайрбод гуфтанд.
Вале ин ибтикори Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд аз сӯи равшанфикрони тоҷик гарм истиқбол ёфт, вале бахусус дар матбуоти Русия ба интиқодҳои тунде рӯбарӯ гардида, ҳатто ба гунае талоши миллигароӣ ва дур кардани Душанбе аз меҳвари Маскав унвон шуд. Бо ҳамин, маъракаи табдили номҳои хонаводагии мансабдорони тоҷик кунд шуд ва алакай баъди чанд моҳ комилан фурӯ нишаст.
Масъалаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ бори дигар дар моҳи январи соли 2014, баъди нашри як мақолаи додситони кулли Шерхон Салимзода дар расонаҳои расмӣ дар миён омад. Салимзода адр ин матлаб аз он изҳори ташвиш карда буд, ки бисёре аз шаҳрвандони тоҷик дубора ба исмҳои хонаводагӣ бо пасвандҳои русии “ов”-у “ев” ва “вич” бармегарданд. Дар маҳофил мегӯянд, бештар онҳое ба баргардондани пасвандҳои русӣ бартарӣ медиҳанд, ки барои муҳоҷират ба Русия мераванд ва бо номҳои тоҷикӣ дар онҷо дучори мушкил ва ҳатто тамасхур қарор мегиранд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ доир ба натиҷаи санҷишҳову таҳдқиқотҳои мақомоти прокуратура дар соли 2013 аз ҷумла дар мавриди бештар шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо суффиксҳои “ов” ва “вич” изҳори нигаронӣ карда, инро натиҷаитарбияи заифи соҳаи маориф ва парвариши кишвар унвон кард.
Шерхон Салимзода дар ин гузориш, ки дар нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба табъ расид, навишт, санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфтааст. Ӯ аз ҷумла аз он нигаронӣ кард, ки солҳои охир раванди даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.
Ба унвони мисол, дар се соли охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат 177 нафар, Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ 223 донишҷӯ аз тарзи миллии номгузорӣ, даст кашида, ба тарзи шӯравии номгузорӣ (бо суффиксҳои “ов” ва “вич”) гузаштаанд. Ба гуфтаи Салимзода, дар ҳамин се соли охир, дар ҳамин донишгоҳҳое, ки санҷида шуданд, танҳо 2 нафар тарзи миллии номгузориро интихоб намудаанд. Ҷаноби Салимзода гуфт, айни ҳолат дар дигар мактабҳои олии кишвар низ дида мешавад.
Ба дунболи нашри ин матлаб чунин ба назар мерасад, ки касе аз “боло” ба мансабдорони тоҷик амр кардааст, кихуд дар амри табдили номҳои хонаводагӣ намуна шаванд. Ҳарчанд чун дар мисоли вазири тандурустӣ ин вазорат мегӯяд, ки табдили номи ӯ аз Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло “ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ”-ст.
Ҳанӯз маълум нест, ки мардуми оддӣ ин навбат то куҷо аз ин ибтикорҳои шахсии мансабдорони тоҷик пайравӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи соҳибназарон, ин бештар ба он бастагӣ дорад, ки оё тартиби иваз кардани номҳои хонаводагиро то куҷо содаву осон ва муҳимтар аз ҳама, арзону барои ҳамагон дастрас мекунанд. Масъалаи дигар, албатта, ин аст, ки оё бо номҳои тоҷикӣ мардуми Тоҷикистон, ки як бахши аъзами аҳолии қобили кораш ҳар сол ба мардикорӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия меравад, бо ин исмҳои хонаводагии тоҷикӣ бо пасвандҳои “зода”-ву “ён”-у “пур” ва бидуни “ов”-у “ев” худро дар мусофират то куҷо роҳат ҳис хоҳад кард.
Дар ҳар сурат, мавҷи нави табдили номи мансабдорони тоҷик ҳам аз ҳоло ба вокунишҳои манфие дар матбуоти рус рӯбарӯ шудааст. Вале шиддати ин интиқодҳо ҳадди ақал то имрӯз ба ҳадде нест, ки дар соли 2007 буд. Ва зоҳиран ин маърака ин дафъа бо вусъати доманаи хеле зиёдтаре аз маъракаи соли 2007 дар Тоҷикистон доман хоҳад густурд. Албатта, то замоне ки аз “боло” амри дигаре нашавад.