Вай моҳи марти имсол дар як маъракаи аз нигоҳи нозирони байнуламилалӣ "ношаффоф", вале ба арзёбии ҳампаймонҳояш "баҳснопазир" худро пирӯз номид. Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ интихоботи Русияро ғайриқонунӣ ва ноодилона донистанд.
Путин аз соли 1999 дар мансаби "президент - сарвазир - президент" Русияро идора мекунад. Ӯ дар шароите бори панҷум ба курсии президентӣ нишаст, ки низомиёнаш дар Украина даргири ҷанганд ва аксар кишварҳои ғарбӣ барои ҳамлаи бедалел ва саркӯби дигарандешон ба зидди ӯ ва ҳукуматаш таҳрим ҷорӣ кардаанд.
Нозирон мегӯянд, Владимир Путин дар 25 соли ҳукуматдорияш Русияро ба як кишвари диктаторӣ ва ноозод табдил дод. Баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик низ ӯро барои мадад ба низомҳои худкома дар Осиёи Марказӣ танқид мекунанд.
"Путин дар ташкилу идоами ҳукуматҳои худкома дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нақши калон дорад. Барои аз байн бурдани институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифону озодандешон дар Тоҷикистон саҳм дорад. Агар ҷомеаи Тоҷикистон озод мебуд, Путин имкон намеёфт, ки ҳадафҳои худро дар Тоҷикистон пиёда кунад," -- гуфт Шарофиддин Гадоев, фаъоли мухолифон рӯзи 7-уми май.
Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Вале солҳои охир бархӯрди Путин ва ҳукуматашро бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ноодилона медонанд.
Аз ҷумла, президенти Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аз Путин хост, Тоҷикистонро “ҳурмат” кунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, бояд Русия сиёсаташро дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир диҳад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар 25 соли ҳукуматдории Владимир Путин шароити кори тақрибан як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия душвор гардидааст. Коршиносон мегӯянд, дар ин давра миллатгароӣ дар Русия авҷ гирифт ва таҳамулпазирӣ аз байн рафт.
Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таври бесобиқа афзуд. Мақомоти Русия чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ташкили ҳамла ё кумак ба омилони он ба ҳабс гирифтанд.
Дар як моҳи охир садҳо зодаи Тоҷикистон аз ин кишвар ронда шуда, ба садҳо нафари дигар иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд. Мақомоти Тоҷикистон дар як эълони камсобиқа аз шаҳрвандон хостанд, ки ба Русия нараванд.
Ҳоло нигоҳҳо ба он дӯхта шудааст, ки Владимир Путин дар аҳди нави ҳукуматдорияш чӣ кор хоҳад кард, то бақои худу ҳамроҳонашро таъмин кунад. Марде, ки хеле пештар гуфта буд, “ин андеша, ки агар рӯзе ба курсии раҳбари нишастӣ, бояд тамоми умр, то рӯзи марг аз ту бошад, аслан қобили қабул нест.”