Русия қарзи Узбакистонро бахшид, то равобит беҳтар шавад

Дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Узбакистон Маскав 865 миллион доллари қарзи худро ба кишвар беэътибор эълон кард. Аммо дар изва оё чӣ гирифт?

Дар ҷараёни сафари президенти Русия, Владмир Путин ба Тошканд, бахши умдаи қарзи Узбакистон аз Русия, ки ба 890 миллион доллар баробар аст, бахшида шуд. Вазорати молияи Русия мегӯяд, Маскав ҳафтаи оянда ин қарзҳои Узбакистонро бекор хоҳад кард. Дар меҳвари сӯҳбатҳои Ислом Каримов ва Владимир Путин, ба иттилои расмӣ, масоили калидии таҳкими равобити Русияву Узбакистон, қабл аз ҳама, дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ қарор дошт.

Пеш аз оғози дидори ду сарвар ёвари раисиҷумҳури Русия -- Юрий Ушаков гуфт, "аз рӯи ҳисобу китоби мо ҳаҷми маблағи пардохтнашуда то моҳи ноябр ҳудуди 890 миллион долларро ташкил медиҳад - 500 миллион доллар қарз ва ҳудуди 388 миллион - баҳраҳои маблағи пардохт накардаи қарз". Акнун қарор шудааст, ки Узбакистон аз 500 миллион доллари қарзи асосӣ танҳо 25 миллионашро пардохт мекунад.

Русия умдатар дар ивази бахшоиши қарзҳои худ аз кишварҳои паосшӯравӣ чизе мегирад. Аз ҷумла дар ивази бекор кардани қарзи 242 миллиондолларии Тоҷикистон Русия пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" дар Норакро соҳиб гашта буд, ки ҳоло яке аз ниҳодҳои уимодаи нерӯҳои ҳавоӣ ва кайҳонии Русия ба шумор меравад.

Дар нишасти хабарии Путин ва Каримов тарафҳо гуфтанд, бо ҳамин тамоми масъалаҳои марбут ба қарзи байнидавлатии Русия ва Узбакистонро ҳал кардаанд. Путин илова кард, ки Тошканд масъалаи имзои созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё баррасӣ хоҳад кард. Путин, вале ишора кард, ки ин танҳо машварат буд ва тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Бархе аз расонаҳо ҳадс мезананд, ки Маскав бо ин роҳ мехоҳад, Тошкандро ба узвияти шартии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҷалб кунад ё дастикам онро як нозир дар ин эътилоф бинад.

Сафари Путин ба Тошканд дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Русия мехоҳад, кишварҳои пасошӯравиро ба иттиҳоди нави зери назари худ ҷалб намояд.

ҲАМКОРӢ БАРОИ ...ҶИЛАВГИРӢ АЗ ТАВТЕЪА?

Сиёсатшиносони минтақа ҳадс мезананд, ки дар мулоқоти “чашм ба чашм”-и Ислом Каримов ва Владимир Путин масоили амнияти минтақа, ба хусус, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, ҳатман баҳсу баррасӣ шудааст. Марс Сариев, таҳлилгари қирғиз ба ин назар аст, ки Ислом Каримов афзоиши хатари террористӣ дар соли 2015-ро дарк мекунад ва шояд як ҳадафи даъвати Путин ба Тошканд – мутмаин шудан ба пуштибонии Маскав дар сурати низоъ дар марзҳояи ҷанубии кишвараш бошад. Вале Сергей Ежков бо ин ақида мувофиқ нест ва мегӯяд, ки чун Узбакистон узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ нест, кӯмаки низомии Русия дар сурати ҳамла ба ин кишвар ғайримумкин аст, “Маскав метавонад ба Тошканд фақат кӯмаки фанниву низомӣ кунад ва иттилои маҳрамонаи хадамоти кашфро дар ихтиёраш гузорад".

Бурихон Нурмуҳаммадов

Бӯрихон Нурмуҳаммадов, сиёсатшиноси қазоқ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳаводиси Украина баёнгари он аст, ки кишварҳои шӯравии собиқ дар ҳоли мувоҷеҳ шудан ба хатар набояд чашм ба роҳи имдод аз сӯи Русия бошанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, “имкони ноором сохтани вазъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи Русия хело воқеъист. Маҳз ба хотири ҷилавгирӣ аз тавтеъаву ҷангандозии нави Русия дар Осиёи Марказӣ, ба хусус, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон кишварҳои минтақа маҷбуранд, ки бо Маскав ҳамкориҳои стратегияшонро идома диҳанд”. “Ман бо ақидаи бархе аз таҳлилгарон розиям, ки Русия на танҳо дар Осиёи Марказӣ ё дар Ховари Миёна, балки дар ҳар нуқтаи дунё метавонад даст ба тавтеъа занад, аз ин рӯ набояд ба умеди таъмини оромиву эътидол аз сӯи Русия шуд ва бояд тавре рафтор кард, ки ӯ аз паи ташкили низоъ нашавад”, мегӯяд сиёсатшиноси қазоқ.

Бурихон Нурмуҳаммадов меафзояд, барои нигаронии Ислом Каримов алҳол ҳамон “ҷабҳаи ҷанубӣ”, яъне, таҳдиди гурӯҳҳои ифротиву ситезаҷӯ аз Афғонистони ҳамсоя ва хатари “Давлати исломӣ” кифоя аст, “ҷабҳаи дуввум”, бигирем, аз сӯи Кремл ташкил кардани ягон низоъ ё ихроҷи маҷбурии муҳоҷирони ӯзбак, ки ба иттилои бархе манбаъҳо, теъдодашон дар Русия 4 милион нафар аст, миёни ҳукумати Тошкандро ҳатман мешиканад".

Сиёсатшиноси қазоқ мегӯяд, ки ҳаводиси Украина раҳбарони Осиёи Марказиро аз хоби ғафлат бедор накардааст ва азбаски беш аз ҳафт даҳсола дар ҳайати як империя буданду баъди шикасти шӯравӣ ҳам як дигарро ҳампаймони стратегӣ хондаанд, мутмаинанд, ки ҳаводиси Украина дар кишварҳояшон такрор намешавад.

Аз сӯи дигар, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба аъмоли Маскав дар Украина, аз ҷумла, илҳоқи нимҷазираи Қрим, аз “сукути пурмаъно” кор гирифтаанд. Бурихон Нурмуҳаммадов мегӯяд, “ман фикр мекунам, ки сукути кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пахши изҳорот дида пурмаънотар аст... Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон бо сукути худ гуфтанианд, ки аз амалҳои Русия дар Украина норозиянд, аммо чун бо Русия ҳамкориҳои наздику стратегӣ доранд, наметавонанд рӯирост аз мавқеи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кунанд”.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Бурӣ Нурмуҳаммадов, баъд аз ҳаводиси Украина дар байни элитаи кишварҳои минтақа ба гунае асабоният ба чашм мерасад. Зимнан, ин гуна асабониятро баъзе аз дипломатҳои ғарбии муқими минтақа ҳам мушоҳида кардаанд.

"ШАВАД ОБӢ, НАШАВАД ЛАЛМӢ" Ё "БЕЛ БА РАВИШИ ОБ"

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, он

Суҳроб Шарифов

шоке, ки баъди илҳоқи Қрим ба Русия дар кишварҳои паосшӯравӣ ба амал омад, то ҳол аз байн нарафтааст, аз ин рӯ онҳо намедонанд, ки ба ин ҳаводис чӣ гуна бархӯрд кунад. Ӯ меафзояд, “Русия дар мавриди ҳаводиси Украина нишасти сарони Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ё Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро даъват накард, то ҳамроҳ вазъи Украинаро баррасӣ кунанд. Маскав амали худро ҳам тавзеҳ накардааст ва ё интизороташро аз ин кишварҳо дар бораи коре, ки дар Украина кард, баён надоштааст. Аз ин рӯ, ягон давлати собиқи шӯравӣ, ҳампаймонҳои ҳозираи Русия, нуқтаи назари худро дар бораи ҳодисаҳои Украина надоранд”.

Ба гуфтаи сиёсатмадори тоҷик, “ба назар мерасад, ки Маскав ҳам аз ин гуна мавзеъгирӣ розӣ аст, яъне, ҳеҷ яке аз ҳампаймонҳояш танқидаш намекунад – то ҳол фақат Нурсултон Назарбоев, Александр Лукашенко ва Ислом Каримов андешаҳои парокандаи худро дар ин бора баён кардаанд, вале раҳбарони кишварҳои ҳампаймони Русия як сиёсати воҳидро дар баробари бӯҳрони Украина ва амалҳои Маскав дар шарқи Украинаро таҳия накардаанд”.

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ки тайи беш аз ду даҳсола баъд аз шикасти шӯравӣ ҳам Русия дар робита ба Осиёи Марказӣ ягон доктринаро тарҳрезӣ накардааст,а Кремл дар бораи нақши ояндаи худ ва бархӯрдаш ба ин ё он амали геополитикӣ дар ин минтақа тасаввуроте ҳам надорад. Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, “то он замоне, ки доктринаи Русия дар қиболи Осиёи Марказӣ таҳия ва стратегияш дар ин минтақа рӯшану возеҳ нашавад, ҳама гуна бозиҳои геополитикӣ бо ин ё он давлати Осиёи Марказӣ беҳуда аст”. Ба гуфтаи дигар сиёсатшиносон ҳам, Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фақат аз "бел ба равиши об" кор мегиранд ва ба истилоҳ, дар ғами имрӯзанду андеша дар бораи фардоро аз сарашон дур кардаанд. Шояд ба ҳамин хотир, аз нигоҳи онҳо, бештари кишварҳо ба фардои Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё, ки қарор аст аз 1 январи соли оянда ба фаъолият шурӯъ кунад, зиёд хушбин нестанд.