Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд баҳси Роғунро боз ба минбари СММ кашид


Абдулазиз Комилов дар иҷлосияи 69-уми Маҷмаи умумии СММ
Абдулазиз Комилов дар иҷлосияи 69-уми Маҷмаи умумии СММ

Узбакистон бори дигар аз минбари СММ мухолифаташ ба сохтмони нирӯгоҳҳову сарбандҳои бузург дар кишварҳои болооби Осиёи Марказиро изҳор дошт. Як манзури Тошканд, албатта, Роғун аст.

Вазири хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов, ки аз номи кишвараш дар иҷлосияи 69-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ мекард, бори дигар алайҳи бунёди нирӯгоҳҳои ва сарбандҳои бузург дар Осиёи Марказӣ ҳушдор додааст. Абдулазиз Комилов рӯзи 26 сентябр аз минбари СММ бидуни бурдани номи кишвари мушаххасе гуфт, “ташвиқи бтарҳи сохтмони нирӯгоҳҳои бузург бо сарбандҳои азим бидуни анҷоми ташхиси байналмилалии дар воқеъ мустақил, холисона ва ҳирфаӣ аз ҷониби бархе кишварҳо ғайри қобили қабул аст.”

Ба ақидаи вазири узбак, “иҷрои чунин тарҳҳо бидуни таҳлили амиқи тамоми паёмадҳояш меавтонад ҷараёни табии рӯдхонаҳои фаромарзиро хароб карда, ба амнияти обиву ғизоӣ ва экологии Осиӣи Марказӣ хатар эҷод кунад.” Чунин сурати ҳол, ба бовари Абдулазиз Комилов, метавонад боиси ҳатто “афзоиши шиддат ва эҳтимоли низоъ дар минтақа” шавад.

Вазири хориҷаи Узбакистон дар минтақаи зилзилахез ҷойгир будани Осиёи Марказиро як далели Тошканд барои чунин мухолифати шадидаш ба сохтмони нирӯгоҳҳову сарбандҳои бузург дар ин қаламрав номид: “Бунёди чунин иншооти азими гидротехникӣ дар минтақаи зилзилахези баландкӯч, ки эҳтимоли заминларзаҳои то 9 балл ва аз он ҳам шадидтарро дорад, метавонад таҳдиди фалокати харобиовари техногениро ба бор биорад. Мехоҳам таъкид кунад, ки дар шароити шадидтар шудани мушкилоти экологӣ шумори ҳарчӣ бештари кишварҳо дар саросари ҷаҳон аз бунёди сарбандҳои бузург даст кашида, ба сохтмони нирӯгоҳҳои хурду миёна, ки ба муҳити атроф ва амнияту рӯзгори аҳолӣ зарар надоранд, рӯ меоранд.”

Парчами Русия дар маҳалли бунёди Қамбар-Ота-1
Парчами Русия дар маҳалли бунёди Қамбар-Ота-1

Абдулазиз Комилов дар ин суханронӣ аз кишваре ном набурд, вале яқинан манзури ӯ боз ҳам Тоҷикистону Қирғизистон - ду кишвари болооби минтақа аст, ки мехоҳанд бӯҳрони шадиди энержӣ дар кишварҳои худро тавассути сохтанинирӯгоҳи бузурги Роғун дар рӯди Вахш ва нирӯгоҳи Қамбар-Ота-1 дар рӯди Норин ҳал кунанд. Тоҷикистон ба сохтани сарбанди 335-метрӣ барои нирӯгоҳи Роғун бартарӣ медиҳад ва Қирғизистион мехоҳад сарбанид нирӯгоҳи Қамбар-Ота-1-ро то 275 метр бардорад.

Узбакистон шадидан мухолифи ҳарду тарҳ аст. Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҳатто талош дорад, алайҳи ин тарҳҳои пуриддао эътилофи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро ташкил дода, масъалаи даст кашидани аз сохтмони нирӯгоҳҳои бузургро ба як шарти ҳамкориҳои Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон – се кишвари саршор аз манобеи энержии минтақа, бо шумули нафту газро бо кишварҳои болооби аз чунин неъматҳои табиӣ маҳрум, яъне Тоҷикистону Қирғизистон табдил диҳад.

Мақомоти Узбакистон пайваста мегӯянд, ки сохта шудани ин нирӯгоҳҳо маҷрои табии дарёҳои фаромарзиро тағйир дода, боиси камобӣ дар кишварҳои поёноб ва ҳатто беоб мондани заминҳои кишт дар ин кишварҳо ва боз ҳам печидатар шудани мушкили кӯли хушкидаи Арал хоҳад шуд. Тошканд ҳамин тавр, ҳамаро аз оқибатҳои сахти экологии бунёди нирӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла хатари канда шудани сарбандҳои ин нирӯгоҳҳо дар сурати ягон заминларзаи шадид ва сарозер шудани сели азими об аз ин обанборҳову зери об мондани қаламрави бузурге аз Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад.

Саҳмияҳои Роғун
Саҳмияҳои Роғун

Аммо дар Душанбеву Бишкек бар инанд, ки Тошканд ба хотири даст ёфтан ба хостаҳои худ, оқибатҳои манфии нирӯгоҳҳои Роғуну Қамбар-Отаро “хеле воҳима мекунад” ва дар асл намехоҳад барои ислоҳоти соҳаи обёрии заминҳои кишташ ва ҷилавгирӣ аз сарфи беҳудаи об маблағгузорӣ кунад. Ба ақидаи ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон, бештари масоили камбуди об барои заминҳои кишт аз ҳамин сарфи беҳудаи об дар кишварҳои поёноб бармеояд, ки сар аз миёнаҳои асри гузашта боиси то ба кӯли Арал нарасидани оби дарёҳо ва дар натиҷа хушк шудани ин кӯли бузургтарини Осиёи Марказӣ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон, ки захираҳои бузурги нафту газ надоранд, дар ҳар сурат, сохтани нирӯгоҳҳои бузургашонро танҳо роҳи халосии худ аз камбуди энержӣ дар фасли сармо мебинанд. Далели дигари онҳо барои бунёди нирӯгоҳҳо ташвиқи рушди иқтисоди ин ду фақиртарин кишвари пасошӯравист, чунки бидуни нирӯи барқи кофӣ фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо пойтахтҳои онҳову чанд шаҳри дигар маҳдуд шудааст. Дар Тоҷикистон, барои мисол, ҳар зимистон дар рустоҳо мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд ва дар чунин шароит кам касе барои сармоягузорӣ ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар берун аз шаҳрҳои марказии ин киршвар риск мекунад.

Қирғизистон ҳоло аз Русия барои сохтани нирӯгоҳи Қамбар-Ота-1 ва чанд нирӯгоҳи дигар дар рӯди Норин ваъдаи сармоя гирифтааст.

Тоҷикистон, ки ду дафъа – дар соли 1994 ва дар соли 2004 - аз Русия чунин ваъда гирифта буду вале ҳарду дар рӯи қоғаз монд - билохира дар соли 2010 мустақилона ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун оғоз карда, тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ аз мардум ва корхонаҳо зери 900 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар бо қурби ҳамон вақт, ҷамъ овард. Аммо ба далели мухолифати кишварҳои поёноби минтақа ва пеш аз ҳама Узбакистон, баъди ҳамагӣ 3 моҳ маҷбур шуд ибтидо саҳмияфурӯшӣ ва ба дунбол бунёди фаъолонаи сарбанди нирӯгоҳро дар Роғун қатъ кунад ва ташхиси тарҳи онро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад.

Бонки ҷаҳонӣ баъди 4 сол, билохира дар моҳи сентябри соли равон хулосаи ташхисашро нашр кард, ки мегӯяд, барои ҳалли мушкилоти энержии Тоҷикистон бунёди сарбанди баландтарин, яъне 335-метрӣ муфидтар аст ва сохтани нирӯгоҳи Роғун кадом паёмади ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ надорад. СММ, Русия ва Амрико аз ин натиҷагирии Бонки ҷаҳонӣ истиқбол ва изҳори умед карданд, ки он замина ва намунае барои рушди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили обу энержӣ хоҳад шуд. Аммо Рустам Азимов - муовини сарвазири Узбакистон, баъди нашри хулосаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ки Тошканд ба ҳеҷ ваҷҳ сохтмони нирӯгоҳи Роғунро нахоҳад пазируфт ва дар мавқеъи мухолифаташ нисбат ба бунёди нирӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла Роғун, боқӣ хоҳад монд.

Баргашти дигарбораи Абдулазиз Комилов – вазири хориҷаи Узбакистон – ба масъалаи нирӯгоҳҳову сарбандҳои бузург дар суханрониаш дар СММ нишон медиҳад, ки Тошканд ҳамчунон мухолифи сарсахти чӣ Роғун ва чӣ Қамбар-Ота барҷой мондааст .

XS
SM
MD
LG