Баҳси мулоқоти Обама-Путин: Кӣ киро даъват кардааст?

Мулоқоти рӯзи 28-уми сентябр миёни Барак Обама ва Владимир Путин дар Ню-Йорк ба эҳтимоли зиёд дидори ҷиддӣ ва муҳим роҷеъ ба масъалаҳое аз қабили Сурияву Украина хоҳад буд.

Қарор аст, ки рӯзи 28 сентябр Барак Обама ва Владимир Путин, раисони ҷумҳури Амрико ва Русия дар Ню-Йорк бо ҳам мулоқот кунанд. Бо эҳтимоли зиёд ин мулоқоти ҷиддӣ ва муҳим роҷеъ ба масъалаҳое аз қабили Сурияву Украина хоҳад буд.

Доварии ин масъала низ ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки ба истилоҳ “кӣ киро” ба ин мулоқот даъват кардааст. Дар ин бора гӯё сӯҳбат кардан хушоянд нест, чун ақидаҳо гуногун аст. Дар ҳар сурат ин мулоқот барои 28-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар назар гирифта шудааст ва он нахустин мулоқоти расмӣ баъд аз ҷудо шудани Қрим аз Украина ва пайвастани ғайриқонунии он ба Русия мебошад, ки баъд аз он Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ эълон карданд.

Мақомоти Кохи Сафед рӯзи 24 сентябр таъйид карданд, ки ин мулоқот сурат мегирад ва Путин дархости мулоқотро дар миён ниҳодааст. Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки ҷониби Русия хостааст, ки бо Барак Обама гуфтугӯҳое дошта бошад.

Бо вуҷуди ин, Бен Родз, мушовири амниятии Кохи Сафед гуфт, ки ҳампаймонҳои аврупоӣ аз Обамаа хостаанд, ки бо Путин мулоқот ва иҷрои қарордоди оташбаси Минскро баррасӣ кунад. Ҳадафи ин қарордод, хатми муноқиша дар Украина мебошад. Вале Юрий Ушаков, мушовири боломақоми Путин ин гуфтаҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки дар амал Амрико хостори мулоқоти Путин ва Обама шуда буд.

Агар ин баҳсҳоро канор гузорем, ин масъала рӯшан аст, ки дар остонаи мулоқоти 28-уми сентябр, Амрико имкони музокира бо Русияро дар бораи пешнависи изҳороти Маскав роҷеъ ба афзоиши нақшаш дар Сурия рад карда буд. Русия умед дорад, ки дар ин бора бо Амрико музокира кунад ва ин изҳорот дар Шӯрои Амнияти СММ ба тасвиб расад.

Бино ба гузориши Ассошиейтед Пресс, Русия дар ин изҳорот аз кишварҳо дархост мекунад, ки “дар ҳамоҳангӣ бо ҳукуматҳои кишварҳои осебдида бар зидди гурӯҳҳои тундрав мубориза анҷом бигирад”.

Ин бад-он маъност, ки бо ҳукумати кунунии Сурия бояд ҳамкорӣ сурат бигирад. Вале Вашингтон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки ҳукумати Сурия бояд истеъфо диҳад. Пешнависи изҳороти Русия бо талошҳои бештар аз 60 кишвари эътилоф, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояи Сурия дар бораи мубориза бо тундравҳои "Давлати исломӣ" зиддият дорад.

Дар ҳафтаҳои охир Русия ба Сурия низомиён ва таҷҳизоту техникаи низомии худро фиристодааст, ки ба он ҳавопаймоҳои пешрафтаи ҷангӣ, мушакҳои зиддиҳавоӣ низ дохил мешавад. Ин рафтори Русия Вашингтонро нигарон кардааст ва Амрико шубҳа дорад, ки нерӯҳои Русия дар Сурия на танҳо бар зидди тундравҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷанг хоҳанд кард, балки нақши артиши ҳукумати Башор Асадро боло мебаранд.

Дар остонаи мулоқоти Обама-Путин дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии Си-Би-Эс (CBS) раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад заминаи аслии шикасти радикалҳои исломӣ хоҳад буд.

Путин бар ин ақида аст, ки роҳи ҳали дигаре вуҷуд надорад, ба ҷуз ин, ки ба Сурия барои таҳкими сохторҳои мавҷуда дар мубориза бо терроризм кӯмак расонда шавад. Ба гуфтаи вай, ҳамзамон бо мухолифони минтақавӣ музокироти созанда баргузор гардад ва ислоҳот анҷом бигирад.