Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" дар пайи баҳси тунде дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод.
Баъзе аз модарон дар саҳифаи “Tajik Mama Group” дар Фейсбук шикоят кардаанд, ки дар намояндагони мактабҳо аз фарзандони онҳо пӯшидани тоқӣ талаб мекунанд ва ин барои кӯдакон нороҳаткунанда аст.
Ба гуфтаи онҳо, баъзе аз духтарон аз дарди сар ва бӯйи ширеш (ҳангоми омода кардани тоқии миллӣ истифода мешавад) шикоят мекунанд ва ин чиз ба ҷараёни дарс ва саломати кӯдакон халал мерасонад.
Дар баъзе аз мактабҳо кор ба дараҷае расидааст, ки хонандагонро қатор гузошта, пеш аз ворид шудан ба мактаб тоқии духтаронро месанҷанд ва агар дар сари кӯдак ин кӯлоҳи миллӣ набуд, барояш мушкил эҷод мешавад.
Мунтақидон низоми маорифи Тоҷикистонро барои зоҳирпарастӣ ва либоспӯшиҳои ҳатмӣ ва қолабӣ танқид мекунанд ва мегӯянд, беҳтар аст ба либос неву сифати дарсу таълим таваҷҷӯҳ зоҳир мешуд.
Дар мактабу корхонаҳо ва ниҳодҳои иҷтимоии Тоҷикистон пӯшидани либоси мазҳабӣ ва нимаурёни аврупоӣ манъ мебошад.