"Лапша" дар гӯши ватан ё сатил-сатил ишқи забонӣ

Ҳамарӯза аз радио, телевизион, саҳнаҳо ва минбарҳо ба сари Тоҷикистон сатил- сатил ишқ мерезад ва ҳама мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки дар сафи ошиқони ватан аввалин ҳастанд.
Як дӯстам, ки баъди солҳо аз ғурбат ба Тоҷикистон баргашт мегӯяд, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ солу замон ситоиши ишқи ватан, Тоҷикистон, миллат, таронаҳо ватандӯстӣ ва таблиғоти ватанпарварӣ дар ин кишвар ба андозаи иғроқ нарасида буд, ки ҳоло расидааст.

“Овозхонҳо аз ишқи ватан мегӯянд ва таронаи таъриху ватанро месароянд, мақомдорҳо миллат мегӯянд ва танҳо аз хизмат ба халқ сӯҳбат мекунанд, афсарон аз садоқати комил ба ватан савганд мехӯранд ва баробари рӯшан кардани телевизион аввалин ҳарфе, ки ба гӯш мерасад, боз ҳам калимаи миллату ватан аст”, - гуфт ин дӯсти ман ва афзуд: “Ман фикр мекардам, ки бо ин ҳол эҳтимолан сатҳи патриотизм ва ё ватандӯстӣ дар байни сокинони кишвар хеле боло рафта ва мардум ба ҷуз сарсупурдагӣ ба ватан вазифаи дигаре надоранд.”


Дӯсти ман мегӯяд дар асл, вақте бо мардум сӯҳбат мекунед, бисёре аз онҳо аз имкони зиндагӣ дар кишварҳои дигар мепурсанд ва бо далел овардани ояндаи фарзандон, роҳҳои берунрафт аз ватанро меомӯзанд. Албатта, ҳадафи ба сафи аввали таблиғоти давлатӣ кашидани “ишқварзӣ ба ватан” маълум аст. Ҳукумат мехоҳад мардумро дар атрофи ин идеология ба ҳам биёварад ва ба онҳо пайғом бидиҳад, ки мардумон барои ин ватан ҷонбозиҳо карданд, шумо ҳам агар имрӯз мушкиле доред, онро таҳаммул кунед, зеро ватандорӣ қурбонӣ мехоҳад.


Абдураҳим Бобоев, як ҷавони тоҷик, ки яке аз донишгоҳҳои маҳаллиро хатм кардааст мегӯяд, эҳсоси ватандӯстии бештари сокинони Тоҷикистон як зоҳирнамоӣ ё худнамоии дурӯғин аст, ки дар пайи таблиғоти шабонарӯзии ишқи ватан аз тариқи шабакаҳои телевионӣ ба вуҷуд омадааст. Ӯ мегӯяд, ҳавои берун рафтан аз кишвар бо таъсири глобализация ва ё ҷаҳонишавӣ ба вуҷуд омадааст ва ягон роҳи пешгирӣ аз он таҳияи ҷойҳои корӣ ва таъмини мардум бо маоши хуб аст.


Нозирони дигар низ мегӯянд, агар мизони ватанпарварӣ ба андозае бошад, ки мақомот таблиғ мекунанд, пас чаро ҷавонон аз хизмат дар артиш мегурезанд ва чаро падару модар мисли гузашта онҳоро бо дафу чанг ба артиш намефиристанд ва баробари фарорасии мавсими даъват, бачаҳо худро пинҳон мекунанд? Ё чаро табибон баробари боло шудан аз курсии донишҷӯӣ рӯ ба давлатҳои арабӣ ва ё Русия меоранд ва ҳамватанони маризи худро табобат намекунанд?


Бинобар омори расмӣ, дар як соли ахир беш аз панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро интихоб кардаанд ва теъдоди зиёди дигар ҳар рӯз дар назди сафорати Русия навбат мепоянд. Теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба ин кишвар ба таври ғайрирасмӣ беш аз якуним миллион унвон мешавад ва бештари онҳо ҳам дар талоши ба даст овардани ҳаққи кору иқомати доимӣ дар Русия ҳастанд. Бахши пешрафтаи ҷомеа, ки забон медонанд ва бо интернет ошноӣ доранд, пайваста барномаҳои Грин Карди Амрикоиро пайгирӣ мекунанд ва солҳост, ки барои иштирок дар бозии лотереяи Корти Сабз санад мефиристанд.


Вақте дар кӯчаҳои шаҳр аз ҷавонон дар бораи эҳсоси ватандӯстӣ мепурсед, онҳо айни ҳамон суханонеро такрор мекарданд, ки аз телевизион ва маҷлису маҳфилҳо шунидаанд. Аммо эҳсоси воқеии худро дар робита ба ватан ва умуман мафҳуми ватан баён карда наметавонанд.


Ҳоҷӣ Саидзода, як донишҷӯи тоҷик мегӯяд, «Чӣ тавре Ҷаноби Олӣ мегӯянд, ҷавонон ояндаи миллатанд. Ҳамаи ин шароите, ки ҳаст, дар замони истиқлол ба даст омадааст. Мо ҷавонони замони истиқлол ҳастем ва доим барои беҳбудию пешравии давлат саҳм мегузорем».


Аммо вақте аз ӯ пурсидем, ки оё ба хидмати ҳарбӣ рафтаааст ва агар даъват шавад, омода аст ба ватан хизмат кунад? - ӯ дар посух гуфт, «Ин ба саломатӣ вобаста аст». Соҳибназарон мегӯянд, ҳарфу шиорҳо дар мавзӯи ватан, парчами миллӣ ва хидмат ба ватан, ки солҳои ахир хеле зиёд шудаанд, дар бештари маврид самимӣ нестанд. Ширкати ҷавонон ҳам дар ҷашнҳои ҳукуматии майдонҳову толорҳо иҷборист, зеро онҳо таҳдид мешаванд, ки агар ба майдон нараванд, аз донишгоҳ хориҷ хоҳанд шуд.


Орзу Исоев, рӯзноманигори тоҷик ҳам аз он изҳори таассуф мекунад, ки шеъру шиоргӯиҳое, ки дар забони ҷавонон аст, дар асл ба воқеият мувофиқат намекунад. Вай мегӯяд, бештари ҷавонон барои он аз кишвар берун мешаванд мераванд ё ба донишгоҳгоҳҳо дохил мешаванд, ки дар артиш хизмат накунанд. Аммо Орзу Исоев далели аслии заъфи эҳсоси меҳанпарастии насли ҷавонро дар набудани заминаи устувори маънавӣ дар тарбияи ҷавонон, бад будани низоми маориф ва нобоварии ҷавонони ба оянда медонад. Ӯ мегӯяд «дар кишварҳои рушдкарда ҷавонон мутмаинанд, ки ҷомеа дар оянда ба онҳо чӣ имконият медиҳад. Аммо иҷтимои мо чӣ имкон медиҳад ба ҷавонон? Канӣ ҷои кор? Заминаи устувор нест».


Ба андешаи таҳлилгарон ватандӯстии дурӯғин ва дурӯягӣ дар муқобили эҳсоси баланде чун муҳаббати самимӣ ба ватан барои миллат зараровар аст. Зеро насле, ки аз артиш мегурезаду дарси низомиро намедонад ва бо дурӯғ бузург шудааст, магар метавонад аз ватанаш ҳимоя кунад? Аммо ба таъкиди шоири тоҷик ва муаллифи суруди миллӣ Гулназар муъҷизаи ватан дар он аст, ки касе онро интихоб намекунад, ҳамчунон, ки инсонҳо падару модари худро интихоб намекунанд. Гулназар меафзояд, «инсонҳое ҳастанд, ки гумон мекунанд ватан шиками онҳост. Агар шикамашон сер бошад, ватан ҳамон ҷост. Имрӯз ҷои шуур ва муҳаббатро моддиёт пахш кардааст. Аммо дар асл ин тур нест».


Ба андешаи шоир Гулназар маҳз камбизоативу ниёзмандӣ ба дигар шудани шудани ақидаю тасмимҳои ҷавонони имрӯз сабабгор шудааст ва коҳиши камбизоатӣ метавонад эҳсоси муҳаббату садоқат ба ватанро дубора ба ҷавонон баргардонад.


Бархе мегӯянд, ватандӯстии воқеӣ дар асл дар ниҳоди ҳар фарди тоҷик нуҳуфтааст ва танҳо дар ҳолати зарурӣ аз худ дарак медиҳад. Мардуми хаста аз хабарҳои нохушу нигаронкунанда аз амалиёти низомӣ дар Хоруғ тобистони 2012 аз муваффақиятҳои ногаҳонии муштзани тоҷик Мавзуна Чориева якбора рӯҳи тоза гирифт ва муддате тамоми мардуми тоҷикро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба ҳам муттаҳид кард. Пирӯзии як духтари 19-солаи тоҷик дар бозиҳои бонуфузи Олимпӣ ва афрохта шудани парчами миллии Тоҷикистон ба ифтихори нишони биринҷии Мавзуна Чориева ҳамон лаҳзаи шодиву нишоти амиқе буд, ки дар як он тамоми мардумро фаро гирифт. Мавзуна тавонист якбора тамоми эҳсосони ватанпарастии мардумро зинда кунад ва ифтихори инсониву шаҳрвандии мардумро аз ҳамватанӣ бо чунин як духтари боистеъдод ба намоиш гузорад.


Бо нигоҳ ба ин таҳаввулот чунин ба назар мерасад, ки эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон набояд танҳо бо шиору даъватҳои лафзӣ, балки бо корҳои амалӣ дар амри беҳбуд бахшидани ҳаёти мардум ва ҳам ташвиқ ба корнамоиҳои хуб аз роҳи мисолҳои мушаххас тарбия шавад. Дар ин сурат муносибати мардум ҳам ба арзишҳои мисли ватандӯстӣ самимиму боэҳтиром хоҳад буд.