Танфурӯшон: "Агар ҷои кор медоштем, фоҳиша намешудем"

Шуморе аз занони танфурӯш дар Душанбе мегӯянд, бо сахтар шудани ҷазо барои танфурӯшӣ аз пешааашон даст нахоҳанд кашид. Чунки ба гуфтаи онҳо танфурӯшӣ ягона роҳи пайдо кардани ризқи худу кӯдакони хурдсолашон аст.

Нисо исми мустаори яке аз занони танфурӯш дар Душанбе аст, ки ҳамагӣ 24 сол дорад, вале баъди ду издивоҷ бахташ омад накард ва ду писараки сесолаашро тани танҳо бузург мекунад. Ӯ мегӯяд, аз ворид шудани тағйирот ба қонун ва сахтар шудани ҷазо барои танфурӯшӣ хеле барвақтар замони таҳия шудани лоиҳаи тағйирот огоҳ шуда буд, аммо аз ин кораш ҳоло даст кашида наметавонад, чунки барои таъмини рӯзгори ду тифли хурдсолу худаш кори дигаре надорад.

Нисо мегӯяд, ки “мо ба қавле аз мастиамон даст ба фоҳишагӣ намезанем. Зиндагӣ маҷбур кардааст, агар коре бошад, ки ақалан дар як рӯз 30 сомонӣ даромад орад, ман ҳозирам аз ин пешаам даст кашам. Ман ҳозирам, ки табақшӯӣ, роҳрӯбӣ ва ё кори дигареро кунам. Лекин кор нест. Ҳар гоҳе, ки фоҳиша гуфта ба сӯи мо ангушти ишорат дароз мешавад, замин намекафад, ки дароям.”

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки шаш сол боз ин пешаро касб кардааст, аммо ватқе ночор ба кӯча мебарояд, ки пулаш тамом шуда бошад. Нисо ҳамчунин сари чанд вақт аз маркази вежаи “Марворид” низ дидан мекунад. Дар ин марказ ӯ ва ҳампешагони дигараш имкони шустушӯи либос, сару рӯ ва ташхиси хуну дигар узвҳояшонро доранд, ки ройгон пешниҳод карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ҳампешагони дигари Нисо, ки бо “Озодӣ” ҳамсӯҳбат шуданд, мегӯянд, ҳамеша мавриди таҳқиру табъизи ҷомеа қарор доранд ва дар бархе аз маврид аз сӯи афроди алоҳида мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Аксарияти танфурӯшоне, ки дар канори ҷодаҳои Душанбе бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, сокинони минтақаҳои кишвар буда, баъд аз издивоҷи номуваффақ ва талоқ гирифтан аз сӯи шавҳарҳояшон бо як ё ду тифл танҳо боқӣ мондаанд. Бахши аъзами онҳо ҳатто мактаби миёнаро то ба охир нарасонда, танҳо то синфи 9−ум хатм кардаанд. Аз се нафар танфурӯшон, ки дар студияи Радиои Озодӣ бо мо ҳамсуҳбат шуданд, танҳо яке аз онҳо хондаву навишта метавонист.

Бинобар тағйиротҳои нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ акнун дар Тоҷикистон ба ҳар танфурӯше, ки бо вуҷуди як бор ҷарима шудан ба фоҳишагӣ идома медиҳад, аз 10 то 15 рӯзи зиндон таҳдид мекунад.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шаддидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.

Бар пояи ислоҳи ин қонун дар давоми як сол агар танфурӯш бори дуввум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун кормандони тиҷорати фаҳшо бо супоридани 400 то 800 сомонӣ раҳо мешуданд. Зеро дар қонунгузории кишвар танфурӯшӣ на ҷиноят, балки қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

Сӯҳбати видеои “Озодӣ”−ро бо чанде аз танфурӯшонро инҷо метавонед тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокуниши танфурӯшон нисбати шадидтар шудани ҷазо нисбати онҳо