Омӯзиши аъмоли “Шайх Темур” дар додситонии Турсунзода (ВИДЕО)

Додситонии ноҳияи Турсунзода маводҳои пешниҳодшуда аз сӯи КДАМ дар мавриди амалҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур"-ро мавриди омӯзиш қарор додааст. Аммо то ҳанӯз дар нисбати ӯ айбе эълон нашудааст.

Мақомоти додситонии ноҳияи Турсунзода мегӯянд, ба омӯзиши бахшҳое аз иттиҳомот алайҳи Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода оғоз мекунад, ки аз тарафи хадамоти амнияти миллӣ пешниҳод шудаанд.

Як корманди додситонии ноҳияи Турсунзода рӯзи 12 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши амнияти ноҳия як қисми маводҳои марбут ба амалҳои Саидмаҳдихон Сатторовро, ки миёни мардум бо номи “Шайх Темур” маъруф аст, ба ихтиёри додситонӣ гузошт ва ин санадҳо феълан аз тарафи муфттишони додситонӣ омӯхта мешаванд.

Додситонии ноҳияи Турсунзода мегӯяд, ҳанӯз “Шайх Темур” ба кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор карда нашудааст. Гуфта мешавад, ки маводҳои пешниҳодшуда аз баёнотҳои шоҳидону шогирдон, наздикони ҳамсарҳои "Шайх Темур" иборат мебошад.

Мақомоти амниятӣ Саидмаҳдихон Сатторовро дар бисёрзанӣ, ғасби замини давлат ва нақзи қонуни танзими расму оинҳо гумонбар мендонад. Аммо гуфта мешавад, “Шайх Темур” бо табобати мардум бо ояҳои Қуръон соҳиби обрӯ шуда, дар ниҳоят худро “Имом Маҳдӣ” ва ҳатто “паёмбари охируззамон” эълон мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ бо сӯистифода аз маҳбубияти худ қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда, барои як ҳамсараш манзили зист бунёд мекунад. Дар як маврид, ба гуфтаи мақомот, ӯ бо 8 зан зиндагӣ мекардааст, аксари онҳоро дар ҷараёни "табобат" бо ризоияти падару модари онҳо ба занӣ гирифтааст. Ҳоло бархе хусуру хушдомашҳои "Шайх" мегӯянд, ки ӯ онҳоро тарсондааст, ки агар духтарашонро надиҳанд, дар ҳаққи онҳо дуои бад мекунад.

Шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанади нимсоатӣ дар бораи Саидмаҳдихон Сатторов, нашр кард. Дар ин филм гуфта мешуд, ин рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва дар соли 2012 номи худро ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст.

Муаллифони филм “Шайх Темур”-ро як “қаллоби динӣ” ба қалам дода, мегӯянд, ӯву муридонаш бо сӯиистифода аз бесаводию гумроҳии мардум тавонистаанд садҳо нафарро ба доми фиребашон андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми аз дунё бехабар зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навори ТВ давлатии Тоҷикистон дар бораи "Шайх Темур"