Беш аз 100 маҳбуси зиндони рақами яки Душанбе дар як нома аз президент Раҳмон хостаанд, афвҳои солҳои 2001, 2006 ва 2011-ро бознигарӣ кунад.
Дар нома омадааст, қарорҳои афв дар ин солҳо нисбат ба 142 зиндонӣ мунсифона набуд ва ҳаққи онҳоро барои дарёфти афв поймол кард.
Гуфта мешавад, ки аксари ин маҳбусҳо аъзои собиқи Фронти халқӣ ва Иттиҳодияи оппозитсиюни пешин ҳастанд, ки бо ҷурмҳои одамрабоӣ, куштор, ғоратгарӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, бандитизм ва ҷурмҳои дигар ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Аммо тавре дар нома омадааст, бо вуҷуди кам шудани муҳлати ҷазо, исми онҳо дар рӯйхати афроди мавриди бахшиш шомил нашудааст.
Ба думболи имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва мухолифин дар соли 1997, ҳукумат афви саросарӣ эълон кард ва ҷурми намояндагони ҳарду тарафро бахшид. Аммо аксари ин 142 зиндонӣ, ки ҳоло мегӯянд, ҳақ доранд афв шаванд, бар пояи гуноҳҳое зиндонӣ шудаанд, ки солҳои баъди афви саросарӣ содир шудаанд.
Хуршед Шоҳонов, бародари як узви собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик аст, ки пас аз имзои Созишномаи сулҳ, дар соли 2001, бо ҷурми бандитизм ба муҳлати 21 сол зиндонӣ шудааст. Коммиссияи баррасии қарори афв номи ӯро аввал дар рӯйхати афви соли 2001 ворид кард, аммо баъдан бо сабабҳои номаълум хат зад.
141 нафари дигар, ки ба хотири масоили амниятӣ намехоҳанд исмашон ошкор шавад, низ иддао доранд, ки бо гузашти солҳо акнун барои афв ҳуқуқ пайдо кардаанд, аммо коммиссияи ҳукуматӣ исми онҳоро барқасдона ба раисиҷуҳмур пешниҳод намекунад. Ин зиндониён аз президент Раҳмон дархост кардаанд, ки ба қазияи онҳо расидагӣ кунад.
Аммо намояндаи идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон бисёр зиндониҳое адои ҳукм мекунанд, ки аз ҳукми худ норозиянд ва мехоҳанд парвандаҳояшон бозбинӣ шавад.
Одинашо Муродов, сухангӯи ин идора мегӯяд,ки пас аз шикояти маҳбусон, дар заминаи иҷрои нодилонаи қонуни афв, идораи зиндонҳо коммиссияи махсус таъсис дод ва ба баррасии аризаҳои даъвоӣ роҳ кушод.
Ин бори аввал нест, ки зиндониҳо қарори афвро ноодилона мехонанд ва аз он ба президент шикоят мекунанд. Аммо Одинашоҳ Муродов мегӯяд, бар пояи бознигарии қарори афви соли 2001 чанде аз маҳбусони норозӣ озод шуданд ва агар ин гурӯҳ низ далеле дорад, метавонад даъвои худро аз тариқи идораи зиндонҳои вазорати адлия ба коммиссияи махсуси баррасии қарорҳои афв пешниҳод кунад.