Нархи себ имсол дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод ва Ховалинг ба таври назаррас поин омадааст.
Коҳиши арзиши себро тоҷирон ба серҳосил шудани себзорҳои ҷануби кишвар рабт медиданд, вале кишоварзон мегӯянд, ки бо сард омадани мавсим, онҳо маҷбур ҳастанд бо нархи хеле паст себро ба фурӯш гузоранд, то талаф наёбад.
Ҳосили зиёди ғайриинтизорӣ
Ҳоло ин нарх на ба фурӯшанда хуб аст, на ба деҳқон, зеро аз онҷо арзон оварда, боз дар инҷо арзон мефурӯшем. Қариб фоидае ба даст намеорем. Интизор аст, ки то соли нав нарх баланд намешавад
Абдуҷаббор Боев, як тоҷири "Деҳқонбозор"-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин шабу рӯз себро аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод ва Ховалинг бо арзиши 70 дирам то як 1,5 сомонӣ харидорӣ намуда, дар шаҳри Кӯлоб мефурӯшанд. Боев афзуд, ки нархи себ нисбати соли гузашта қариб ду баробар арзон шудааст ва эҳтимолан то соли нав ҳам нарх тағйир наёбад.
"Имсол себ бениҳоят зиёд ҳосил баст, аз ин рӯ нархи он поин омад. Мо чанд соли ахир чунин нархро мушоҳида накарда будем. Нархи себ аз се сомонӣ поин намеомад. Хунукӣ низ дар он таъсир надорад, зеро ҳосил бисёр шуд, аз ҳамин сабаб нарх поин омад.
Ҳоло ин нарх на ба фурӯшанда хуб аст, на ба деҳқон, зеро аз онҷо арзон оварда, боз дар инҷо арзон мефурӯшем. Қариб фоидае ба даст намеорем. Интизор аст, ки то соли нав нарх баланд намешавад", - гуфт Абдуҷаббор Боев.
Аммо деҳқонон баръакси тоҷирон мегӯянд, ки онҳо маҷбур ҳастанд дар ин сардиҳо себро бо нархи арзон фурӯшанд, то ки аз пурра талаф ёфтан наҷот диҳанд. Ба гуфтаи деҳқонон, аксари онҳо имсол фоида неву зарар диданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Деҳқон ғофилгир шуд...
Бегмад Бобоев, кишоварзе аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯяд, себашро дар ҷои махсус захира карда умедвор аст, ки онро дертар ба фурӯш мебарорад, то фоидае ба даст орад. Бобоев гуфт, бисёр деҳқонон ҷое барои нигоҳубини себ надоранд ва маҷбур мешаванд, ки онро 25-дирамӣ ҳам ба фурӯш гузоранд, онҳое, ки тамоман ночор ҳастанд, себро реза карда, ба чорво медиҳанд. Бегмад Бобоев гуфт, ки худи ӯ дар баробари захира кардани як миқдори ҳосил, то ҳол як тонна себашро бо 50 дирам барои ҳар килограм савдо кардааст.
Зимнан, як килограм себ дар бозорҳои Кӯлоб аз 1 то 3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Сардиҳои чанд рӯзи ахир бештари деқононро ғофилгир кард ва бештари онҳо то ҳол натавонистаанд ҳосили тирамоҳии худро ҷамъоварӣ намоянд. Ин боис шудааст, ки дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод ва Ховалинг тоҷирон себҳои онҳоро аз дарахтон чида, барои фуруш баранд.
Ин дар ҳоле аст, ки мавсими сармо дар Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ зудтар расид ва барфборӣ дар минтақаҳои кӯҳистониро сокинон дар чунин аём мушоҳида накарда буданд. Вале мақомоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз қабл сарду сербориш омадани зимистони имсоларо пешгӯӣ мекарданд.
Себ яке аз навъҳои аслии меваи содиршаванда ба хориҷи Тоҷикистон аст. Аз рӯи арзёбиҳои расмӣ, дар баробари зардолуву олу себ бештар аз ҳар меваи дигар ба беруни Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешавад. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ дар ҳудуди беш аз 3 ҳазор гектар замин мева парвариш мешавад.