Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар паради низомӣ дар шаҳри Маскави Русия, ки 9-уми май баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Хадамоти матбуотии Кремл рӯйхати меҳмонҳоеро нашр карда, ки қарор аст, дар паради низомии Маскав иштирок кунанд. Дар миёни онҳо номи Мирзиёев низ ҳаст.
Манбаъ афзуда, ки раҳбарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар чорабинии мазкур иштирок мекунанд.
Ширкати президенти Узбекистон дар паради низомии Маскав то ҳол расман тасдиқ нашудааст.
Президенти Русия Владимир Путин 3-юми май ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро низ барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва маъракаи бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват карда буд.