Президенти Гурҷистон натиҷаҳои интихоботро қабул накард

Саломе Зурабишвили

Саломе Зурабишвили, раиси ҷумҳурии ғарбгарои Гурҷистон эълон кард, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 26-уми октябрро эътироф намекунад.

Зурабишвили 27-уми октябр зимни нишасти хабарӣ дар Тбилисӣ гуфт, кишвар қурбонии “як амалиёти вижаи Русия” шудааст. Аммо ӯ ҳеч далеле барои гуфтаҳояш пеш наовард.

Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон эълон кард, ки 54,27 дарсади раъйдиҳандагон ба ҳизби ҳокими "Орзуҳои гурҷӣ" овоз додаанд. Ба ин тартиб ин ҳизб аксари курсиҳои порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Аҳзоби мухолифи Гурҷистон гуфтанд, натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд.

Саломе Зурабишвили як рӯз баъд аз интихобот ба хабарнигорон гуфт, эътирофи натиҷаҳои ин интихобот, маънои зери итоати Русия рафтани Гурҷистонро дорад.

"Мо ба ин тоқат намекунем. Ояндаи рӯ ба аврупоро аз Гурҷистон гирифтан мумкин нест,"- афзуд Зурабишвили.