Марз: “Агар сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омода бош”

Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи хабарҳои расида дар бораи таҷаммӯъи ҷангиён дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон дар тӯли марз як силсила тадбирҳои амниятӣ андешидаанд. Вазорати дифои Тоҷикистон аз ҷумла аз таъсиси як размоишгоҳи ҷадид дар минтақаи Кӯлоб хабар медиҳад.

Хабарҳои расида дар бораи таҷаммӯъи ҷангиён дар хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ва эҳтимоли убури онҳо аз ин марз мақомоти Душанберо ба андешидани як силсила тадбирҳои, ба таъбири онҳо, “пешгирикунанда” дар тӯли 1370 километр марзи мустақими ин ду кишвар таҳрик додааст. Аз ҷумла вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири таҳкими амнияти манотиқи сарҳадии ҷанубии худ бо Афғонистон аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳҳои террористӣ ба хоки Тоҷикистон барои вокуниши сареъи ниҳодҳои қудратии кишвар як размоишгоҳи саҳроии нав барои ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ дар минтақаи Кӯлоб бо номи “Ҳомиён” таъсис додааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 7 январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти қудратии кишвар ин размоишгоҳи ҷадидро бо назардошти таҳқиқи вазъи манотиқи марзӣ бо Афғонистон ва тамаркузи нерӯҳои террористӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон созмон додаанд.

Фаридун Маҳмадалиев

Тавре вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ин размоишгоҳ мисли як пойгоҳи низомӣ буда, дар он танку зиреҳпӯш, силоҳҳои мухталиф ва дигар ҷангафзорҳо мавҷуд аст, ки ҳам нерӯҳои марзбонӣ ва ҳам ҳам дохиливу амниятӣ метавонанд бо анҷоми машқҳои низомӣ дар баробари ҳар таҳдид омодагӣ гиранд. “Ин размоишгоҳ як саҳрои холӣ нест, балки ба мисли як пойгоҳест, ки дар он барои сарбозон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст,” - мегӯяд ҷаноби Маҳмадалиев.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи мақомот, ягон таҳдиди мустақим дар минтақаҳои марзӣ, ба хусус дар самти Бадахшон ва минтақаи Панҷи вилояти Хатлон аз сӯи Афғонистон вуҷуд надорад, вале ин тадбирҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ эҳтимоли хатар рӯи даст гирифта шудааст. Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, “агар сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омода бош.”

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, маълумоти иктишофӣ аз он сӯи Омӯ ҳокии таҷаммӯъи ҷангиёни марбут ба созмонҳои ифротие, чун Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои зидди ҳукумати Афғонистон дар тӯли марз, бавижа дар самти Панҷу Бадахшон мебошанд. Ба гуфтаи ин мақомот, ки аз онҳо хабаргузориҳои ТАС ва Азия Плюс иқтибос кардаанд, “дар бархе минтақаҳои осебпазири марз аз ҳисоби нирӯҳои захиравии раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чораҳои пешгирикунанда андешида шудааст.”

Қабл аз соли нав манобеи Озодӣ дар нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз 28 декабр, билофосила ба дунболи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон, ба хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон нирӯҳои изофӣ эъзом карда ва режими ҳифозати ин марзро шадидтар кардаанд.

Як манбаи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон қабл аз Соли нав ба Озодӣ гуфт, “ба хотири ҷилавгирӣ аз убури марз аз сӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯ аз 28 декабр тамоми воҳидҳои марзбонӣ дар тӯли марз ба ҳолати омодабош оварда шуда, шумори ҳайатҳои дидбонӣ, барои мисол, дукаратӣ афзоиш дода шудаанд.” Худи дидбониҳо низ бакарат бештар карда шудаанд.

Фармондеҳи яке аз воҳидҳои марзбонӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тақвияти низоми ҳифозати марзро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ба марз нирӯҳои изофӣ партофта шудаанд. Вале ин манбаъ ба далели сиррӣ будани ин маълумот аз овардани шумораи мушаххасе дар мавриди нирӯҳои изофии исролшуда ба марзи Тоҷикистону Афғонистон худдорӣ кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, "барои осонтар шудани иртибот бо посгоҳҳо, ба хусус дар минтақаҳои кӯҳистонии душворгузаре, чун Шӯрообод, ба қисмҳои марзбонӣ мошинҳои барфгард (снегоход) ва миқдоре асп ҳам додаанд."

Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин марз бо Афғонистонро дорад, ки асосан бар фарози рӯди Омӯ кашида шуда, бахши аъзамаш аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад ва ба ин далел, ҳифозаташ хеле мушкил аст. Марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддир ва асосан ҳероину афюну афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Бо хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии паймони низомии НАТО аз Афғонистон нигарониҳое вуҷуд доранд, ки ин қисмати марз бо Афғонистон метавонад ба як масири убури гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёбад.

Замир Кобулов

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар ин ҳафта ба хабаргузории Интерфакс гуфт, гурӯҳҳои ҷангӣ дар он сӯи марз барои убур ба Осиёи Марказӣ ду платсдарм сохтаанд, ки якеаш дар рӯбарӯи марз бо Тоҷикистон аст. Кобулов ҳушдор додааст, ки бино ба маълумоти онҳо, ҷангиён алакай баҳори соли 2015 фаъол хоҳанд шуд ва талоши убур ба ин сӯи Омӯро хоҳанд кард. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи намояндаи вижаи Владимир Путин, Русия қасди ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардондани нирӯҳои марзбониашро надорад, балки бо ироаи кӯмакҳои фанниву таслиҳотӣ ба марзбонҳои тоҷик барои таъмини ҳифозати хубтари “марзҳои ҷанубии СНГ” иктифо хоҳад кард.

Дар ин авохир дар матбуоти Русия бо таъкид ба нотавонии мақомоти Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ифротӣ даъватҳое садо медиҳанд, ки Русия бояд марзбонҳояшро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардонад. То соли 2005 ин марзро нирӯҳои Русия ҳимоят мекарданд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон чандин бор алайҳи ин даъватҳо садо баланд карда, гуфтаанд, тавони ҳифзи мустақилона аз марзҳои кишварро доранд, вале аз муттаҳидони худ, аз ҷумла аз Маскав, дар ин роҳ кумаку таслиҳот мехоҳанд.