Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Р.Раҳмоналӣ: 4 марзбон ба зудӣ аз асорат озод хоҳанд шуд


Пулиси афғон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз.
Пулиси афғон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзҳои наздиктарин чаҳор марзбони тоҷик, ки дар Афғонистон дар асорат қарор доранд, раҳо хоҳанд шуд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 5 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон ҳамаҷониба музокира пеш бурда истодаст, то сарҳадбонон ҳарчӣ зудтар пас гардонда шаванд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд, намояндаҳои раёсати марзбонӣ бо худи сарҳадбонони асир сӯҳбат кардаанд ва аз аҳволи ҳаррӯзаи онҳо бохабаранд.

Ба қавли генерал Раҳмоналӣ, намояндагони мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарони гурӯҳе, ки сарҳадбонони тоҷик дар асорати онҳо қарор доранд, низ мулоқот кардаанд ва натиҷаи ин гуфтушунидҳо нишон медиҳад, ки ҳамаи ин 4 сарҳадбони тоҷик ба зудтарин фурсат раҳо хоҳанд шуд.

Генерали тоҷик аммо хабареро, ки гӯё ҷангиёни Толибон дар ивази сарҳадбонони тоҷик 9 миллион доллар талаб кардаанд, беасос шуморид ва афзуд, танҳо бо роҳи музокира имкони раҳо кардани сарадбонон дар мавҷуд аст.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти Қундузи Афғонистон қаблан дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи Толибон дар ивази раҳоии чаҳор марзбони рабудашудаи тоҷик 9 миллион доллар талаб доранд. Вай афзуд, Толибон баъди он ки мақомоти Тоҷикистон ду ҷангии тоҷиктаборро аз зиндон раҳо накардаанд, дар ивази 4 марзбони рабудашудаи тоҷик талаби пул кардаанд.

Бино ба хабарҳо, як гурӯҳи мусаллаҳ шом 19 декабр 4 марзбони тоҷикро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб ба асорат гирифт. Гуфта мешавад, ки ин марзбонон ҳини ҷамъоварии ҳезум рабуда шудаанд.

Бар пояи иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷик, аз Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд. Ҳамчунин онҳо хостори раҳоии як узви шабакаи Ал-Қоида ҳастанд, ки чанд моҳ пеш бо либоси занона боздошт шуда буд ва ҳоло дар Қундуз нигоҳ дошта мешавад.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG