Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои тиҷоратӣ ва саррофиҳо тавсия додааст, 100 доллари амрикоиро ба ивази 628 сомонӣ харида ва ба ивази 630 сомонӣ фурӯшанд. Мирзомуддин Мавлонзода, раҳбари департаменти танзими асъор дар Бонки миллӣ, дар нишасти хабарии 13 март гуфт, ин тасмим дар як ҷаласа ва баъд аз пешниҳоди намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва саррофон гирифта шудааст.
Вай афзуд, "онҳо аз мо хостанд, ки Бонки миллӣ як қурби муайянро интихоб кунад ва онро риоя менамоянд. Мо ба қароре расидем, ки ҳадди аксар 100 доллари амрикоӣ ба 628 сомонӣ харида ва ба 630 сомонӣ фурӯхта шавад." Мавлонзода илова кард, бонкҳо ва саррофон ихтиёр доранд, бо қурби аз ин арзонтар долларро харидуфурӯш кунанд, аммо на гаронтар аз он.
Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, ки низ дар ин нишасти хабарии изтирорӣ иштирок дошт, гуфт, ниҳоди онҳо аз ин ба баъд фурӯши долларро ба саррофиҳо қатъ мекунанд. Ба қавли ӯ, бархе аз саррофиҳо ба таври сунъӣ қурби долларро боло бурдаанд ва аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, Бонки миллӣ ба бозори асъор тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар дахолат кунад, на саррофиҳо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷаноби Юсуфиён сабаби аслии болоравии қурби доллар дар Тоҷикистонро ба коҳиши мизони интиқолоти пул аз хориҷи кишвар дар пасманзари буҳрони иқтисодӣ дар Русия рабт дод.
Вай афзуд, рӯз то рӯз пешниҳоди асъори хориҷӣ, бахусус доллар, нисбат ба талабот кам мешавад ва сокинон аз ин вазъ ба таҳлука афтодаанд. Ӯ илова кард, барои ҳалли ин мушкил онҳо ба бозори асъор мудохила мекунанд ва ҳар рӯз аз 1,5 то 3 миллион долларро ба бозор мерезанд, ки ба қавли ӯ то ҳол натавонистааст шиддатро поин биоварад.
Ҷамшед Юсуфиён гуфт, "то як ҳафтаи ахир чораи мо ба бозор таъсир мекард. Аммо се рӯзи охир мушоҳида дорем, мардум то як андоза дар таҳлука афтодаанд ва заруру нозарур доллар мехаранд, ки ин ҳам боиси болор рафтани қурби он мешавад." Муовини аввали раиси Бонки миллӣ аз мардум даъват кард, агар зарурате надоранд, аз хариди доллар худдорӣ варзанд ва беҳтар аст, пасандозҳояшонро бо пули сомонӣ нигоҳ доранд.
Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик мудохилаи молии Бонки миллӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани қурби асъори хориҷӣ, хусусан долларро дар қиболи сомонӣ чандон муассир намедонанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин чораи андешидаи Бонки миллӣ “самари тӯлонӣ нахоҳад дошт.”
Нозим Ишонқулов, раҳбари бунгоҳи таҳлилии “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: "Бонки миллӣ захираҳои кофии асъори хориҷиро барои сунъӣ нигоҳ доштани қурби пули миллӣ надорад. Беҳтар аст сомонӣ “қурби шинокунанда” дошта бошад.”
Ҷаноби Ишонқулов мегӯяд, пулли миллӣ “оинаи иқтисод”-и кишвар аст ва дар сурати ба таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби он, ин “оина” каҷнамо хоҳад шуд.
Ба иттилои Бонки милли Тоҷикистон аз аввали соли равон, сомонӣ пули миллӣ дар нисбати доллар тибқи қурби расмӣ 4,1 дарсади арзишашро ва мувофиқи додуситади бозорӣ 10 дарсади қурбашро аз даст додааст.