Вакилони Зайд Саидов: "Ҳар қадами мо таҳти таъқиб қарор дорад" (ВИДЕО)

Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат, ки ба 26 соли ҳабс маҳкум шуд, мегӯяндд, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро барои тӯҳмат ба додгоҳ хоҳанд кашонд.
Ин вакилон рӯзи чоршанбе дар мулоқот бо хабарнигорон ҳарфҳои Абдулфаттоҳ Ғоибро, ки гуё онҳо ҳар рӯз дар манзили зерҳимояаашон субҳона мехӯранд, тӯҳмат хонданд ва аз мавридҳои дигари нақзи қонун дар робита ба парвандаи Зайд Саидодв шикоят карданд.

Вакилони Зайид Саидов мегӯяд, ҳарфҳои ин мансабдор далели он, аст, ки талефонҳои онҳо аз сӯи кормандони ниҳоди мазкур шунида мешавад ва ҳар қадами онҳо зери назорат қарор дорад. Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили Зайд Саидов дар ин иртибот гуфт, «мақомоти дахлдор бо чунин амал дахлнопазирии моро ҳамчун шаҳрванд вайрон мекунад. Мо ин гуфтаҳои Абдулфаттоҳи Ғоибро мавриди муҳокима қарор медиҳем ва пас аз омӯхтани ин ҳама маводҳо ва бо назардошти он, ки амнтияти мо зери хатар аст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва вазорати умури дохилӣ бо ариза муроҷиат хоҳем кард, то амнияти моро таъмин намоянд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти хабарии вакилони Зайд Саидов


Аз сӯи дигар, ба таъкиди вакилони дифои Зайд Саидов, бар асоси меъёри қавонин, рафтани онҳо ба хонаи зерҳимояашон манъ нест. Гарчӣ ба гуфтаи онҳо, давоми наздик ба нӯҳ моҳ ҳамагӣ 2 ё 3 маротиба ба манзили зерҳимояашон ва он ҳам дар рӯзҳои ид рафтанд ва як дафъа дар маросими ҷанозаи набераи Зайд Саидов ширкат карданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ин вакилон қасд дорад, барои ин тӯҳмат Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ба додгоҳ кашанд.

Дар нишасти хабарӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони дифои Зайд Саидов дар иртибот ба мусодираи амволи зерҳимояашон, ки раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия изҳори назар карда буд, гуфт, ки дар ин замина низ ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Саидов, тақрибан 70 дарсади амволи мусодира шуда ба номи Зайд Саидов сабт нашудааст.

Вай афзуд, «як ҳолати дигаре, ки дар нишасти дирӯза Абдулфаттоҳи Ғоиб ба он таъкид кард, марбут ба моликияти маҳкумшуда Зайд Саидов мебошад. Дарвоқеъ аз ҷониби суд бо қарори судӣ оварда шудааст, ки ҳамаи он амволе, ки бо роҳи ҷиноят аз тарафи бевосита Зайд Саидов ба даст оварда шудааст, бояд мусодира шаванд. Айни замон ин қарор ба қувваи қонун надаромадааст. Дар баробари ин қарор мо баҳс кардан мехоҳем ва ин баҳсро ҳатто то ба Додгоҳи олӣ низ бурдан мехоҳем, зеро он ғайриқонунӣ аст. Чун дар ин қарор омадааст, ки ҳамаи он амволе, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ба ҳабс гирифта шуда буд. Ва дар маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, ин қадар амволе аст, ки шояд беш аз 60 -70 фисади амволи ҳабсшуда бевосита ба Зайд Саидов алоқаманд набошад.»

Абдулфатоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, тақаллубӣ будани ташхиси тиббии ДНК барои муайян кардани падарии Зайд Саидовро низ рад карда буд. Ӯ ҳамчунин вакилони дифои Зайд Саидовро барои «худнамоӣ» дар мавриди ташхиси такрории ДНК муттаҳам мекард. Вале Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов дар шарҳи ин масъала гуфтаҳои раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсияро беасос дониста, афзуд, онҳо ташхиси такрории ДНК - нагузаронида, балки танҳо хулосаи аслии ташхисеро, ки худи ҳамин ниҳод дар маркази тиббии «Био-Папа» фармоиш дода ва баъдан дар Тоҷикистон онро тақаллуб кардаанд, ба додгоҳ пешниҳод намуданд.

Ҷаноби Табаров гуфт, «вақте, ки ман шахсан ба ин марказ рафтам, ташхиси нав нагузаронидем, балки танҳо намунаи муйи сари Заид Саидовро бурдам ва фақат хусусиятҳои хоси генетикии ӯро муайян кардам. Ҳоло баҳс аслан сари ду хулосаи як ташхиси генетикии ДНК меравад, ки яке падарии Зайд Саидов тасдиқ мекунад, вале дар хулосаи аслие, ки ин лаборатория пешниҳод кардааст, имконияти падарӣ баробари сифр аст. Дар ин ҷо ягон мураккабие вуҷуд надорад, танҳо суд метавонист, ки ин ду ташхисро дар наздаш гузошта, бо роҳи қиёс муайян кунад, ки кадомаш асл ва кадоми сохта аст..»

Вакилони Зайд Саидов, чунин ҳамлаи раиси Оҷонсии зидди фасодро дар нишасти хабарии рӯзи гузашта талоше барои гумроҳ кардани афкори ҷомеа унвон карда, гуфтанд, тасмим доранд, рӯзҳои наздик аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бубаранд.

Зимнан Зайд Саидов тоҷири шинохта моҳи майи соли 2013 баъди эълони азмаш дар мавриди таъиси ҳизби «Тоҷикистони нав » боздош ва моҳи декабри ҳамон сол ба муддати 26 сол ва бо мусодираи амвол равонаи зиндон шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вакилони ин соҳибкор мегӯянд, то ҳанӯз нусхаи аслии ҳукми додгоҳро дарёфт накардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Посухи вакилони Зайд Саидов ба раиси ожонсии зидди фасод