Интихоботи камрақобат, вале тааҷҷубовари Арманистон

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ дар Арманистон

Арманистон рӯзи 18 феврал, барои бори панҷум аз замони касби истиқлолаш дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, интихоботи президентӣ доир мекунад.
Барои ширкат дар интихобот 7 номзад сабти ном шудаанд: Серж Саркисиён - раисиҷумҳури кунунӣ, Грант Бағротиён - сарвазири собиқ ва раиси ҳизби озодӣ, Раффӣ Ҳованесиён - вазири собиқи умури хориҷиву раҳбари ҳизби мерос, ки шаҳрванди собиқи Амрикост, Парюр Ҳайрикиён - раҳбари ҳизби худшиносии миллӣ, ки дар аҳди Шӯравӣ барои ақидаҳои сиёсиаш 18 сол зиндонӣ шудааст, Арман Меликиён - собиқ вазири хориҷаи вилояти аз Озарбойҷон ҷудошудаи Қаробоғи кӯҳӣ, Андриас Ғукасиён - сиёсатшинос ва муассиси як шабакаи радиоӣ ва Вардан Седракиён - адабиётшинос.

Корзори имсолаи Арманистон ба фарқ аз соли 2008, ки Саркисиён ба рақобати ҷиддие аз сӯи Левон Тер-Петросиён - нахустин раиси ин ҷумҳурӣ рӯбарӯ шуда буд, чандон шадид ба назар намерасад, вале моломоли рӯйдодҳоест хеле тааҷҷубовар. Барои мисол, Андриас Ғукасиёни 42 сола аз рӯзи оғози расмии маъракаи пешазинтихоботӣ, яъне 21 январ, бо талаби лағви номзадии Саркисиён ва даъвати нозирони хориҷӣ ба таҳрими интихоботи Арманистон, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Яъне, амалан ӯ зидди интихоботи худи ӯст.

Арман Меликиёни 49 сола, вазири собиқи хориҷаи Қаробоғ, низ аз пеш интихоботро “ғайриқонунӣ” эълон кардааст ва ба радиои «Озодӣ» гуфт, худаш ҳам раъй нахоҳад дод: “Ман натиҷаҳои расмиро қабул нахоҳам кард. Сарфи назар аз он ки кӣ пирӯз мешавад ва ҳатто агар худи ман ҳам пирӯз шавам.”

Парюр Ҳайрикиён, номзади интихоботи президентии Арманистон, ки шоми 31-уми январ дар маркази Ереван ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт.

Моҷарои дигаре, ки рӯи корзори интихоботии Арманистон соя андохт, сӯиқасд ба ҷони номзади 63 сола Парюр Ҳайрикиён буд. Дигарандеши собиқ рӯзи 31 январ дар назди манзилаш дар Ереван тир хӯрд. Ӯ ба дунбол ҳатто аз Додгоҳи қонуни асосӣ хост, ки интихоботро барои ду ҳафта ба таъхир андозанд, вале рӯзе баъд ин дархосташро пас кашид ва гуфт, намехоҳад сабаби тӯл кашидани гуруснанишинии Ғукасиён шавад.

Дар иртибот ба ин сӯиқасд ду нафар дастгир шуда, бино ба хабарҳо, ба даст доштани худ иқрор кардаанд. Вартан Седракиён, ки худро муҳаққиқи достонҳои бостонии арманӣ муаррифӣ мекунад ва дар майдони сиёсат номи нав аст, дар пайи ин боздоштҳо гуфт, метарсад, ки ӯро ба зиндон хоҳанд кашонд, чунки ҳарду гумонбарро мешинохт ва гузашта аз ин, ҳардуро барои тавзеи маводи таблиғотии ситоди ӯ истихдом карда буданд.

Арманистон дар ҳоле ба интихоботи панҷуми раёсаташ меравад, ки ҳамчунон дар панҷаи мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ин кишвари пасошӯравӣ ҳамвора байни Русияву Ғарб талвоса мекунад, ки ҳардуро аз худ розӣ нигоҳ бидорад, бо Озарбойҷон инак ду даҳсола боз бар сари вилояти арманинишини Қаробоғ танишҳое дорад, ки гоҳу ногоҳ ба даргириҳои мусаллаҳона дар марзаш мепечанд, иқтисоди харобшудааш дар чанги чанд олигарх буда, ҳарчӣ бештар вобастаи пуле мешавад, ки муҳоҷирони арманӣ аз хориҷ мефиристанд.

Ба бовари нозирони умур, ба ҳар сурат, Серж Саркисиён дар ин интихобот ба осонӣ пирӯз хоҳад шуд, чунки рақиби билқуввае надорад. Гагик Сарукиён - раҳбари ҳизби Арманистони шукуфо ва яке аз сарватмандтарин мардони ин кишвар, раисиҷумҳури қаблӣ Роберт Кочариён, ки 5 сол пеш Саркисиёнро вориси худ эълон кард ва ҳамин тавр, раҳбари 68-солаи Конгресси миллӣ Левон Тер-Петросиён, ки тайи солҳои 1991-1998 раисиҷумҳури Арманистон буд ва дар интихоботи соли 2008 баъди Саркисиён дувум омад, аз ширкат дар интихоботи имсола даст кашиданд. Тер-Петросиён гуфтааст, маҳз синнаш дигар ширкати ӯ дар интихоботро иҷозат намедиҳад. Ҳизби Дашнаксутюн, ки дар 4 интихоботи қаблӣ ҳамеша номзадашро пешбарӣ мекард, низ ин бор худро аз интихобот канор гирифт.

Серж Саркисиён - раисиҷумҳури кунунии Арманистон

Бо ин ҳама, бино ба охирин назархоҳӣ, аз Саркисиён зери 70 дарсади мардум ҳимоят мекунанд ва аз қавитарин рақиби ӯ - Ҳованисиён ҳамагӣ 24 дарсад. Мизони маҳбубияти боқӣ номзадҳо зери 5 дарсадро ташкил медиҳад.

Бар изофа, ҳизби ҷумҳурихоҳи Саркисиён назорати давлати марказӣ ва беш аз 70 дарсади ҳукуматҳои маҳаллиро дар ихтиёр дорад, ки имкони истифодаи манобеи маъмурӣ ба суди ин номзади ҳизби ҳокимро фароҳам меорад. Маҳз иттиҳоми тақаллуби натоиҷи оро дар соли 2008 боис шуд, ки тарафдорони Тер-Петросиён ба кӯчаву хиёбонҳо бирезанд ва дар эътирозҳое, ки ба хушунат печид, 10 нафар ҷон ҳам бохтанд.

Бо ин ҳол, аксари мардум ба корзори номзадҳо як андоза бефарқ нигоҳ мекунанд. Мисли ин сокини Гумрӣ, ки мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки ба интихобот биравад ё на: “Ваъдаҳои зиёде медиҳанд. Вале мутаассифона, ин ваъдаҳо ҳеҷ гоҳ иҷро намешаванд.”

Шумори раъйдиҳандагони арманӣ 2,5 миллион нафар аст, вале бино ба омори яке аз номзадҳо, 1,2 миллион нафар аз ин шумор феълан дар муҳоҷират қарор доранд ва қонуни Арманистон, қарори маълум, раъйдиҳӣ дар хориҷ аз кишварро иҷозат намедиҳад.

Ҷараёни интихоботи Арманистонро 632 нозири хориҷӣ назорат хоҳанд кард. Дар ҳайати тими нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз Тоҷикистон низ 3 нафар - вакили парлумон Саид Ёқубзод, муовини раиси Комиссияи интихобот Саидбой Зокиров ва узви ин ниҳод Нурулло Маҳмадуллоев ба ҳайси нозир ба интихоботи Арманистон рафтаанд.