Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистону Озарбойҷон изҳороти Харрозиро ҷиддӣ нагирифтанд


Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ
Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ

Пас аз Тоҷикистон ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон низ ба суханони оятулло Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ вокуниш нишон додаанд.

Як мақоми вазорати корҳои хориҷаи Арманистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки суханони оятулло Харрозиро ҷиддӣ намегирад ва умедвор аст, ки “раванди интихобот вайро (Харрозиро) ҷиддитар кунад”.

Элман Абдуллоев, муовини вазири хориҷаи Озарбойҷон низ дар посух ба суоли хабаргузории Интерфакси Русия гуфтааст, ки давлати Боку қасд надорад дар муқобили чунин изҳороти ”музҳику номаъқуле” мавзеъ бигирад.


Оятулло Харрозӣ, ки ахиран номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон эълон кардааст, аз барномаҳои худ сӯҳбат кардааст ва гуфтаааст, ки агар вай ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бирасад, қаламравҳои се ҷумҳурии Шӯравии пешин, яъне Тоҷикистону Арманистон ва Озарбойҷонро ба Эрон бозмегардонад. Сафҳаи интернетии “Трибуни мустазъафин” бо интишори суханони Харрозӣ аз қавли вай навишт, ки дар сурати пирузӣ дар интихоботи расёати ҷумҳурии оянда “тамоми сарзаминҳои ҷудошудаи Эронро бидуни як қатра хунрезӣ ба кишвар бармегардонад”.


Гарчи изҳороти оятулло Харрозӣ дар маҳофилу расонаҳои расмӣ ва нимарасмии Озарбойҷон бозтобе наёфт, аммо бархе расонаҳои мустақил изҳороти вайро чоп карданд.


Портали “Салом Нюз”, ки маъмулан ахбори сафорат ва маҳофили дипломатии Эронро чоп мекунад, дар гузорише, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир сохт чунин навишт: ”Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоте, ки хабарнигорони ин расона анҷом додаанд, оятулло Харрозӣ дучори бемории равонист ва гӯё, ки вай дар хаёли худ чун раҳбари як ташкилоти байналмиллалӣ ба номи “Ҳизбуллоҳ” ҷаҳонро идора мекунад ва чандин расонаи ҷаҳонӣ низ таҳти амри вай фаъолият дорад”.
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳороти рӯҳонии эрониро қабл аз Арманистону Озарбойҷон маҳкум кард ва дар баёнияе, ки рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи интернетии худ ба нашр расонд, аз ҷумла чунин навишт: “Ин изҳороти вай, ки аз хонаводаи вазири собиқи хориҷаи Эрон мебошад, боиси таассуфу тааҷҷуби доираҳои гуногуни фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷамъияти Тоҷикистон шудааст”.


Изҳороти оятулло Харрозӣ дар расонаҳои расмӣ ва нимарасмии Эрон интишор ёфт. Ба ҷуз аз бозгардони ин се ҷумҳурии мустақил оятулло Харрозӣ суханони дигари “ҷолиб” низ гуфтааст. Вай аз ҷумла афзудааст, “арзиши долларро дар зарфи як сол ба ҳазор туман хоҳам расонд ва дар чанд моҳи аввали раёсати ҷумҳурӣ таҳримҳоро лағв хоҳам кард”. Ҳоло арзиши як доллар дар Эрон 3 800 туман аст.


Сафҳаи интернетии “Трибуни мустазъафин” навиштааст, ҳар гоҳ суханони оятуллоҳ Харрозӣ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор мегирад. Аз ҷумла вай чанд моҳ пеш иддао карда буд, ки мехоҳад бошгоҳ ё клуби футболи “Манчестер Юнайтед”-и Англияро бихарад ва қасд дорад номи онро ба “Хайбар” тағир диҳад.
Харрозӣ чанде қабл низ эълон карда буд, ки шабакаи моҳвораии телевизиони Ҳизбуллоҳро таъсис хоҳад дод ва монеаҳои таъсиси онро бартараф кардааст.
Сомонаи “Трибуни мустазъафин” оятулло Саид Муҳаммад Боқири Харрозиро бародарзодаи Камоли Харрозӣ-вазири хориҷаи пешини Эрон дар давраи раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ муаррифӣ кардааст ва навиштааст, ки хоҳари вай бо Масъуд Хоманеӣ-фарзанди раҳбари рӯҳонии Эрон издивоҷ кардааст. Дар ҳамин гузориш оятулло Харрозӣ Дабири кулли “Ҳизбуллоҳи Эрон” муаррифӣ шудааст.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG