Гуфтугӯи донишҷӯён бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш барои бисёре аз бинандагон аз он лиҳоз тааҷҷубовар буд, ки суханронии донишҷӯён як қолаби муайян ва яксон дошт.
Ба назар чунин мерасид, ки агар ин паёмҳоро як нафар ҳам омода накарда бошад, ҳамаи онҳо аз рӯи як шакл таҳия гаштаанд: Дар аввал хондани шеър, баъдан мадҳу санои раисиҷумҳур ва дар охир ягон пешниҳоди, ба истилоҳ, «безарар». Қолабе, ки зоҳиран ба таҳиягарони мулоқоти президент ва донишҷӯён ва ҳам ба худи оқои Раҳмон писанд афтодааст.
Яке аз донишҷӯён, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳурӣ шеър хонд ва аз президент ситоиш кард, мегӯяд, декани факултеташон ҳанӯз дар аввали моҳи август ӯро даъват намуда, матни шеър ва баромадашро ба дасташ додааст. Ин донишҷӯ, ки хост номаш барои ин матлаб Зебо гуфта шавад, меафзояд, то рӯзи мулоқот се бор аз "имтиҳон"-и декан гузаштааст: «Деканамон гуфт, шеър хондан дар назди президент ба манфиати худи ман аст, барои ояндаи ман хуб аст. Вай гуфт, аксари ҷавонон дар ҳамин гуна ҷойҳо миёни мансабдорон шинохта шудаанд.»
Зебо ҳамчунин таъкид кард, ки декани факултеташон ба чанд донишҷӯи дигар низ муроҷиат кард, то дар мулоқот шеър хонанд, аммо онҳо рад кардаанд. Худи Зебо ҳам, тавре иқрор мекунад, намехост, дар назди одамони зиёд касеро ситоиш кунад, вале декан гуфтааст, ки дар сурати хуб баромад карданаш дар гирифтани санҷишу имтиҳонҳо низ кумак мекунад.
Фаррух Мирзоев, донишҷӯи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон мегӯяд, чӣ дар мактабҳои олӣ ва чӣ миёна қабл аз он ки донишҷӯёну мактаббачагон ба мулоқоти раисиҷумҳур роҳ дода шаванд, онҳоро омода мекунанд. Ба қавли Фаррух, мулоқоти навбатии донишҷӯён бо президенти кишвар, ки ба Рӯзи дониш бахшида шуд, асосан аз сароидани мадҳияҳо иборат буд. Фаррух ба унвони мисол мегӯяд, донишҷӯдухтари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аслан на суол дошту на пешниҳод: «Дар он ҷо ҳар кас ба хости дили худ савол дода наметавонад. Он саволе, ки ректору деканҳои факултаҳо мехоҳанд ва иҷоза медиҳанд, ҳамонҳо садо медиҳанд. Аз он зиёд як ҳарф ҳам намеравад.»
Фаррух зимнан аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то куҷо чунин «бозиҳои садоқатнишондиҳӣ» ба ахлоқи ҷавонон таъсир доранд ва оянда онҳо чӣ инсонҳое мешаванд. Вай мегӯяд, баъди «суол» ва «пешниҳод»-ҳои 6-7 донишҷӯ телевизорро хомӯш карда, берун баромадаааст, зеро аз рафтори онҳо ва манзараи мулоқот хеле асабонӣ шудааст.
Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Хуршеди Холиқназар низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мулоқоти раисиҷумҳур бо донишҷӯён кас ба хулосае меояд, ки пеш аз ҳама он рӯз, Рӯзи дониш не, балки рӯзи шеърхонӣ аст: «Ин рӯз барои ман ҳеҷ чиз дода наметавонад. Дар ин рӯз бояд ярмаркаҳои китоб ташкил шавад. Баъзе китобҳо бепул дода шавад ба донишҷӯён. Аммо ин корҳо намешаванд ва донишҷӯён дар Рӯзи дониш таърифро бас намекунанд, ки деканҳову ректорон аз ин истифода карда, соҳиби вазифа мешаванд.»
Ҳарчанд мулоқот дар Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ баргузор шуд, дар он донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои дигар низ ширкат доштанд ва интизор мерафт, гуфтугӯи ҷиддие дар бораи ҳаёти донишҷӯён иттифоқ уфтад.
Абдуқаҳҳор Турсунов, муовини аввали ректори Донишгоҳи техникӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз масоили асосии донишгоҳ қабл аз чорабинӣ мувофиқа шуда буд, аммо ин ба маъное нест, ки ҳама гуна баромади донишҷӯён танзим мешавад. Ҷаноби Турсунов ба унвони мисол гуфт, пешниҳоди донишгоҳ дар мавриди барои омӯзиш равон кардани олимони тоҷик ба хориҷа мувофиқа нашуда буд:
Ба таъкиди ҷаноби Турсунов, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи умдае мавҷуд буд, ки онро шӯрои донишгоҳ қабл аз мулоқот баррасӣ карда, баъдан пешниҳод намуданд. Ин пеш аз ҳама ба донишгоҳ додани статуси Донишгоҳи миллии техникии Тоҷикистон будааст. Инчунин баргардонидани заминҳои боқимонда, ки барои сохтмони биноҳои донишгоҳ ҷудо шудааанд.
Аммо ба базми шеър ва мадҳу сано табдил ёфтани мулоқот ба бархе аз омӯзгорон низ хуш наомадааст. Чанде аз онҳо гуфтанд, ба чунин шакл сурат гирифтани мулоқот бо раисиҷумҳур ба манфиати кор нест ва ба ҳалли ягон масъала мадад намекунад.