Дар хиёбонҳои Кӯлоб ба ҷуз овезаҳои тарғиботии номзади ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) овезаҳои номзадҳои дигар ба назар намерасад.
Аксари сокинони Кӯлоб, ҳамин тавр, ба ҷуз номзади ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дигар номзадеро ҳам намешиносанд. Аз 20 ҳамсӯҳбати мо, ки намояндагони касбукор ва қишрҳои гуногун буданд, ҳамагӣ ду нафар ба ғайр аз номзади ҲХДТ исми номзади ҳизби комунист Исмоил Талбаков ва номзади ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмоновро ба забон оварданд. Бақия мегӯянд, номзадҳоро бештар аз симои зоҳириашон мешиносанд, на бо собиқаи кору фаъолияташон.
Бахтиёр Қодиров, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯ дар телевизион дид, ки «як сарсафеду як бемӯ» номзад ба мақоми президентӣ шудаанд ва аз нашрияе хондааст, ки «як занаки шапкадор» ҳам мехостааст, номзад шавад, вале роҳаш надодаанд: «Номи номзадҳоро ба ғайри Ҷаноби олӣ намедонам, вале агар дар ягон ҷо бинамашон, аз рӯяшон мешиносам, ки ҳамин мардак номзад аст. Ростӣ гап, номи ягонтааш дар хотирам намондааст.»
Маҳтоббӣ Ҳусайнова, сокини дигари Кӯлоб гуфт, донистани исми дигар номзадҳо шарт нест, зеро онҳо «кори хато кардаанд, ки ҷои президентро гирифтан мехоҳанд.» Ӯ гуфт: «На номашон даркор аст ва на худашон. Барои мо ҳамин Ҷаноби олӣ бас аст. Подшоҳи хуб аст. Рангу намуди дигар номзадҳоро надидаам ва дидан ҳам намехоҳам.»
Аммо Зебуниссо Каримова, як зани дигар гуфт, ягон номзадро намешиносад, аммо аз он номзаде ҷонибдорӣ хоҳад кард, ки орду равғанро арзон мекунад: «Дар зиндагӣ орду равған чизи асосӣ ҳаст. Барои одами камбизоат аз ҳам мушкил харидории ҳамин ду чиз аст. Ҳар касе, ки ҳамин ду чизро арзон кунад, мо тарафтори президент шудани ҳамон ҳастем.»
Бо вуҷуде ки сокинон дар бораи 5 рақиби раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон чизе намедонанд, ин номзадҳо низ талош надоранд, то дар маҳалҳои Тоҷикистон барои шиносоии худ миёни мардум талош кунанд. Намояндагони аҳзоби сиёсие, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мегӯянд, онҳо бо сӯҳбату вохӯрӣ ва ташвиқи номзади худ тариқи матбуот қаноат мекунанд ва ниёзе ба овехтани овезаҳо дар шаҳру навоҳиро надоранд.
Аммо Фирӯзи Ҳақназар, намояндаи ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯяд, онҳо тасмим доранд, рӯзҳои наздик аксу овезаҳои номзади худро дар хиёбонҳо Кӯлоб насб кунанд.
Ӯ гуфт: «Қонунгузории Тоҷикистон ба ҳама номзадҳо ҳақи баробари таблиғро додааст. Мо аз ин имконият, яъне насби овезаҳо ҳам барои таблиғи номзади худ истифода мекунем. Ҳоло овезаҳои ҳизби мо бояд нашр шаванд ва мо онҳоро ҳатман насб мекунем. Аз ҳамаи имкониятҳои тарғиботӣ дар доираи қонун мо истифода мебарем.»
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадшариф Набиев, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикиситон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, номзадҳое, ки ҳоло пешбарӣ шудаанд, на рақиби номзади ҲХДТ, балки ҳамагӣ "ёварон"-и ӯянд. Ӯ мегӯяд, бо дарназардошти он ки ин афрод чеҳраи ҷиддӣ нестанд, мардум дар шинохти онҳо талош намекунад.
Ӯ гуфт: «Аз сӯи дигар, мардум ба интихоботи шафоф бовар надоранд. Номзадҳои дигар, тавре мегӯянд, аз ҳизбҳои кисагӣ ҳастанд ва ҳеҷ шинохте миёни ҷомеа надоранд. Мардум бо таҷриба аз тақаллубҳои интихоботҳои дигар ноумед шудаанд, ки яке аз илатҳои бетаваҷҷӯҳиашон ҳамин аст. Фикр мекунам, ноумедии мардум аз адолату ҳақиқат ба ҷомеа хатар дорад. Ноумедӣ монеъи пешрафт аст. Мардум чун дид, ки ҳарфи ӯ чизеро тағийр намедиҳад, бетаваҷҷӯх шудааст.»
Интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр дар пасманзари чунин бетаваҷҷӯҳии саросарие, ки ба гуфтаи нозирони умур, дар 20 соли охир собиқа надошт, доир мешавад. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихоботи амалан берақиб ғолиб омада, замони раёсаташ бар Тоҷикистонро то соли 2020 тамдид хоҳад кард.
Бахтиёр Қодиров, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯ дар телевизион дид, ки «як сарсафеду як бемӯ» номзад ба мақоми президентӣ шудаанд ва аз нашрияе хондааст, ки «як занаки шапкадор» ҳам мехостааст, номзад шавад, вале роҳаш надодаанд: «Номи номзадҳоро ба ғайри Ҷаноби олӣ намедонам, вале агар дар ягон ҷо бинамашон, аз рӯяшон мешиносам, ки ҳамин мардак номзад аст. Ростӣ гап, номи ягонтааш дар хотирам намондааст.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад