Раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба ҷуз аз сураҳои Қуръон бақияи нияту дуо дар намоз бо забони тоҷикӣ хонда шавад. Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносӣ, 5 октябр, дар рӯзи таҷлил аз забони тоҷикӣ гуфт, ки "ҳоло гурӯҳе дар Тоҷикистон талош доранд, дуову намози худро бо забони арабӣ хонанд".
Ҳоло мешунавем, ки бисёриҳо мегӯянд, чаро сураву ояҳоро бо забони тоҷикӣ нахонем. Гуфтаниам, ки сураҳоро бо дигар забон хондан манъ аст, зеро дар ин сурат мумкин аст, маъно ғалат шавад.Хайрулло Муҳаммадсаидов
Дар ҳоле ки, ба қавли Файзулло Баротзода, ин баҳс ҳанӯз дар замони Имом Абӯҳанифа, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли мусалмонҳои Тоҷикистон аз ӯ пайравӣ мекунанд, ҳал шудааст. Ӯ гуфт, баъди баҳсҳои зиёд фақеҳон ба хулосае расиданд, ки оғозу анҷоми намозро бояд бо тоҷикӣ зикр кард ва далелаш ин буд, "мардум бидонанд, бо Худои худ чӣ мегӯянд."
"Тамоми фақеҳон ва муҷтаҳидон дар атрофи як воқеият муттаҳид шуданд, ки каломи раббонӣ бо ҳамон забоне, ки нозил шудааст, қироат шавад. Аммо масъалаи нияти намоз ва дуо кардан пас аз намоз бо забони форсии тоҷикӣ аз тариқи фатвои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ иҷоза дода шуд. Ин масъала мақоми забони тоҷикиро боло бурд", - шарҳ дод Баротзода.
Раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон гуфт, ин изҳори назараш ба маънои он нест, ки намоз комилан бо забони тоҷикӣ хонда шавад, балки манзураш танҳо нияти намоз ва дуоҳои пас аз намоз аст: "Мо ҳеҷ гоҳ иддаои пурра хондани намоз бо забони тоҷикиро накардем. Фақат нияти намоз ва дуоҳои ҷамъбастӣ бояд бо забони тоҷикӣ бошад."
Ба гуфти Файзулло Баротзода, забони форсии тоҷикӣ ягона забони ғайриарабӣ будааст, ки бо он хондани ният ва дуоҳои пас аз намоз иҷоза дода шудааст.
Хайрулло Муҳаммадсаидов, як рӯҳонии тоҷик мегӯяд, аз ибтидо то ҳол нияти намоз бо забони тоҷикӣ ҳаст, вале, воқеан, вақтҳои ахир дуоҳои ҷамъбастӣ бештар бо забони арабӣ садо медиҳад. Ӯ гуфт, мазҳаби мо ба нияти намоз бо забони тоҷикӣ ва ба дуоҳои баъди он ҳеҷ мушкил надорад.
"Аммо мо ҳоло мешунавем, ки бисёриҳо мегӯянд, чаро сураву ояҳоро бо забони тоҷикӣ нахонем. Гуфтаниам, ки сураҳоро бо дигар забон хондан манъ аст, зеро дар ин сурат мумкин аст, маъно ғалат шавад. То ҳол ба ҳеҷ забон тарҷумаи Қуръони Шариф, ки маънои пурраи онро ба забони арабӣ бидиҳад, нашудааст", - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон аксари сокинонаш суннимазҳаб буда, дар як рӯз панҷ вақт намоз мегузоранд. Нияти оғози намоз дар китоби “Фарзи айн” маъмулан бо забони тоҷикӣ оварда шудааст. Аммо бештари намзгузорон ва имомони масоҷид баъди адои тасбеҳ ва хатми намоз бо забони арабӣ дуо мекунанд. Инчунин, хутбаи намози ҷумъа ва идҳои Рамазону Қурбон бо забони арабӣ қироат мешавад.