Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На тоқӣ, на либоси сафед. Намозгузорон аз сӯрохии сӯзан мегузаранд?


Дар баъзе аз вилоятҳои Узбакистон аз намозгузорон хоста шудааст, ки ба масоҷид бидуни сарпӯшҳои арабӣ ва либоси сафеди дароз биёянд. Онҳо мегӯянд, пӯшидани чунин навъи либосҳо муносиб нест.

Мақомоти интизомии вилояти Намангони Узбакистон дар намози ҷумъаи гузашта аксари онҳоеро, ки дар сар тоқии сафед ва дар бар либоси дарози арабӣ доштаанд, ба масҷид роҳ надодаанд. Ҳамон тавре ки манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар медиҳанд, маъмурони пулис дар даромадгоҳи масоҷид ҳар як намозгузорро тафтиш карда, сипас, иҷозаи вуруд додаанд. "Асосан онҳо мардонеро, ки дар сар тоқӣ ё кӯлоҳи сафед ва дар тан либоси арабӣ доштанд, барои адои намоз ба масҷид роҳ надоданд," -- гуфтааст яке аз ин манобеъ.

Зоҳидхон ном як сокини Намангон низ дар суҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта барои адои намоз ба масҷиди "Орифхон-ҳоҷӣ" рафт ва шоҳиди ин ҳодиса шуд.

"Онҳоро мисли он ки ба толори синамо роҳ медиҳанд, пурра тафтиш мекарданд. Либосашонро медиданд, шиносномаашонро тафтиш мекарданд. Ба онҳое, ки дар сар тоқии сафед доштанд, мегуфтанд, ки аввал тоқиро бигир, баъд ворид шав. Баъзе аз намозгузорон бо либоси сафеди дароз меоянд, онҳоро низ барои ворид шудан ба масҷид иҷоза надоданд," – афзудааст ӯ.

Як маъмури пулис аз вилояти Намангон чунин "қоида" барои намозгузоронро таъйид кардааст. Ӯ гуфта, ки "ҳамаи кормандони мо рӯзи ҷумъа ба масҷидҳо фиристода мешаванд. Ба наврасон ва онҳое, ки либоси мазҳабӣ доранд, ҳаққи вуруд ба масҷид дода намешавад." Як корманди масҷиди "Эшони Мирғоиб" дар вилояти Намангон аз чунин бархӯрди маъмурони пулис ҳимоят карда ва мегӯяд, таҳти ибораи либоси мазҳабӣ асосан либоси арабӣ фаҳмида мешавад, ки ба қавли ӯ ба одату анъанаи узбакҳо дуруст намеояд.

"Тоқичаҳои сафед, ки асосан дар кишварҳои арабӣ ба сар мегиранд, тамоман бо анъанаҳои мо бегона аст. Онҳоро ҳоҷиёни мо аз Макка меоранд. Бисёриҳо чунин тоқичаҳоро ба сар карда, барои намозгузорӣ меоянд. Вале мо либоси миллии худро дорем, тоқии миллии худро дорем, ки ҳеч кас пӯшиданашро манъ накардааст. Барои чӣ бояд либоси арабҳоро ба бар кунем?" -- гуфт ӯ.

Аммо муовини идораи мусулмонони Узбакистон Шайх Абдулазиз Мансур ба хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шариати Ислом либоси махсуси динӣ вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳеч кас ҳақ дода нашудааст, ки намозгузоронро бо либоси мазҳабӣ аз адои намозхонӣ маҳрум кунанд. Моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Узбакистон, аз ҷумла Қӯқанду Марғилон, мардони тоқии сафедпӯшро нагузошта буданд, то вориди бозорҳо бишаванд.

Дар Тоҷикистон низ пӯшидани тоқии сафед ё тоқие, ки ҳоҷиён аз Макка ба ҳадя меоранд, роиҷ аст ва асосан дар рустоҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Аксари намозгузорон дар кишвар аз ин навъи тоқӣ истифода мекунанд.

Вале тайи як соли охир дар Тоҷикистон низ маъракаи ҳимоят аз либоси миллӣ ҷараён дорад ва баҳори соли ҷорӣ Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносӣ дар назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки истеҳсоли либоси сафеди карбосӣ, ҷелаки тоҷикӣ ва сарпӯши сирф миллӣ ба роҳ монда шавад. Ӯ гуфт, то кунун тарроҳони тоҷик натавонистаанд, намунаи як либосеро рӯи кор оваранд, ки ҳам ба фарҳанги миллӣ созгор бошад ва ҳам ба андешаҳои исломӣ.

Раиси маркази исломшиносӣ мегӯяд, истеҳсоли ҷелаку сарпӯш ва ҷойнамозу тасбеҳи тоҷикӣ “воридшавии либосҳои динӣ ва сатру рӯсариҳоро комилан коҳиш хоҳад дод.” Баротзода афзудааст, “дар сурати барориши миқдори зарурии ин қабил маҳсулот пешниҳод ва фурӯши онҳо ҳангоми мавсими адои ҳаҷ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ташкил кардан муяссар мегардад.”

Дар ҳоле ки ба бовари ӯ, ҳоҷиёни тоҷик миқдори хеле ками тӯҳфаҳои худро аз Арабистони Саудӣ харида, 90 дарсади онро фарзандонашон “аз растаи фурӯши молҳои сохти чинӣ дар бозорҳои пойтахт гирифта захира менамоянд ва “ҳамчун савғот аз ҷойҳои муқаддас” ба меҳмонон тақдим мекунанд.”

XS
SM
MD
LG