Поёни гуфтушуниди Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина дар Арабистони Саудӣ ба анҷом расид. Гуфтугӯи ҳайатҳо рӯзи 24-уми март 12 соат давом кард ва бе имзои санаде поён ёфт.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манобеаш навишт, тарафҳо талош карданд матни изҳоротро мувофиқа кунанд, вале баъди анҷоми музокирот ин кор фавран даст надод. Дертар маълум шуд, ки Кохи Сафед ва Кремл матни изҳоротро мувофиқа кардаанд ва дар назар аст, ки он 25-уми март пахш шавад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл пештар гуфта буд, дар поёни музокирот имзои ягон ҳуҷҷати расмӣ дар назар нест.

Кит Келлог, фиристодаи вижаи президенти Амрико, қаблан гуфта буд, ки ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ талош доранд музокироти мустақим байни Русия ва Украина баргузор шавад.

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия як рӯз баъд аз гуфтугӯҳои миёни ҳайатҳои Амрико ва Украина дар Риёз барпо шуд.

Вазири мудофиаи Украина гуфт, ҳайатҳои Украина ва Амрико рӯзи якшанбе пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳимро ҳамчун як бахше аз иқдоми дипломатии президенти ИМА Доналд Трамп барои хатми ҷанги сесола баррасӣ карданд.