Поёни ҷанги Русия дар Украина имконпазир аст? Бо кадом шарт?

Владимир Зеленский, Доналд Трамп ва Владимир Путин. Коллаж

Поёни ҷанги Русия ба зидди Украина маълум нест, аммо интихоби дигарбораи Доналд Трамп ба маснади раисҷумҳури Амрико метавонад, ҷонибҳоро барои расидан ба созиши сулҳ тела диҳад.

Трамп дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр дар Амрико пирӯз шуд. Вай пеш аз он борҳо гуфтааст, ки баъди расидан ба раёсат ҳарчи зуд ҷангро дар Украина ба поён хоҳад расонд, ҳатто то 20-уми январи 2025, замони қасамёдкунияш.

Владимир Путин, президенти Русия, дар изҳороти аввалинаш дар бораи натиҷаҳои интихоботи Амрико рӯзи 7-уми ноябр гуфт, майли Трамп дар бораи “эҳёи равобит” бо Маскав ва ёрӣ ба хатми ҷанг дар Украина “ҳадди ақал қобили таваҷҷуҳ аст”. Ӯ ба Трамп баҳои баланд доду гуфт, ки президенти мунтахаби Амрико ҳангоми суиқасд ба ҷонаш дар моҳи июл “ҷасорат” нишон дод.

Путин афзуд, дар давраи нахустини раҳбарии Трамп (аз соли 2017 то соли 2021) чунин таассуроте ҳосил мешуд, ки ӯ “аз ҳар тараф таъқиб мешавад ва метарсид, ки ба чап ё рост қадаме бигузорад ё ҳарфи изофӣ бизанад." Изҳороти раисҷумҳури Русия баёнгари он аст, ки Кремл барои расидан ба ҳадафҳои худ мехоҳад, аз тағйири қудрат дар Амрико ва умеди Трамп ба миёнравӣ дар сулҳи Украина истифода кунад.

Днепр, Украина. 24-уми октябри 2024

Душвории асосӣ

Ҳанӯз ҳеч нишонае вуҷуд надорад, ки Маскав аз ҳадафи ҳамлааш ба Украина, аз ҷумла назорат бар панҷ минтақаи ишғолкардааш ва пешгирӣ аз пайвастани Киев ба паймони низомии НАТО даст бикашад.

Баъди як рӯзи суҳбати Путин дар Сочӣ, сухангӯяш Дмитрий Песков зоҳиран талош кард, ки маънои изҳороти раҳбари худро ба мардум бирасонад. Вай гуфт, Путин борҳо ёдовар шуда буд, ки Русия барои гуфтугӯ боз аст, аммо “раисҷумҳур ҳеч гоҳ дар бораи тағйири ҳадафҳои амалиёти махсуси низомӣ суҳбат накардааст” (Маскав ҳамлаашро ба Украина на ҷанг, балки “амалиёти вижаи низомӣ” меномад).

Нерӯҳои Русия дар моҳҳои охир дар шарқи Украина бо суръат пешравӣ кардаанд ва ба назар намерасад, ки Маскав ба гузашт омода аст. Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия, низ гуфт, ки Маскав барои музокирот боз аст, вале шартҳои худро дорад.

Шойгу рӯзи 7-уми ноябр гуфт: "Ҳоло вазъ дар майдони амалиёти низомӣ ба нафъи Киев нест ва Ғарб бо чунин интихоб рӯ ба рӯ аст: идомаи сармоягузорӣ ва маҳви аҳолии Украина ё пазируфтани воқеият ва шурӯи музокирот."

Ин яке аз мушкилии асосӣ аст, ки ҳар гуна кӯшиши Доналд Трамп барои поён додан ба ҷанг бо он бармехӯрад. Оташбас ё сулҳ бар асоси хостҳои Маскав эҳтимол ҳамчун шикасти Киев дониста шуда, метавонад Русияро дар мавқее қарор диҳад, ки Украина ва ҳатто Ғарбро таҳдид кунад. Барои Кохи Сафед муаррифӣ кардани он ҳамчун пирӯзи геополитикӣ душвор хоҳад буд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, кӯшиш дорад, ки аз ин сенария пешгирӣ кунад. Вай аз Ғарб дархост дорад, ки ба Украина силоҳи бештар диҳад, то мавқеашро дар майдони даргирӣ беҳтар карда, роҳро барои расидан ба "сулҳи одилона" бикушояд.

"Баъзе аз шумо ин ақидаро фаъолона ҷонибдорӣ кардед, ки Украина "гузашт" кунад. Ин барои Украина қобили пазириш нест ва барои тамоми Аврупо худкушӣ аст," - гуфт Зеленский рӯзи 7-уми ноябр дар нишасте дар Будапешт.

Ҷозеп Боррел (рост), раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, 9-уми ноябр дар Киев ҳимояти “ногусастанӣ”-и Аврупоро аз Украина эълон кард

Ихтилоф дар Ғарб?

Ихтилоф миёни кишварҳои ғарбӣ дар мавриди Украина ба фоидаи Русия хоҳад буд. Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 8-уми ноябр дар Будапешт гуфт: “Мо бояд Украинаро қавӣ кунем. Аз Украина пуштибонӣ кунем. Агар Украинаро дастгирӣ накунем, ин як паёми нодурусте аз тарафи мо ба Путин ва баъзе аз низомҳои дигари худкома дар ҷаҳон хоҳад буд."

Суханони Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон, як ҳампаймони Трамп, ки низ ба Путин наздик аст, маънои баръакс дошт: "Вазъият дар майдони даргирӣ аён аст, (Украина) шикасти ҳарбӣ дидааст. Амрикоиҳо аз ин ҷанг берун хоҳанд шуд."

Бо вуҷуди таъкидҳои батакрори Трамп дар бораи хатми ҷанг ва танқиди ӯ аз даҳҳо миллиард доллар ёрии низомӣ ва ҳимоятҳои дигари маъмурияти Ҷо Байден аз Украина, ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин иттифоқ хоҳад уфтод ё не. Доналд Трамп гуфтааст, кумакҳоро ба Украина ҳамчун фишанг барои ба мизи музокира шинондани Киев ва Маскав истифода хоҳад кард, аммо маҳз дар бораи чӣ гуна поён додан ба ҷанг чизе нагуфтааст.

Нашрияи “The Wall Street Journal" рӯзи 6-уми ноябр аз қавли шарикони Трамп, ки номашон фош намешавад, навишт, ки вай "тарҳи мушаххаси сулҳро тасдиқ накарда" ва дар мавриди нақшае, ки ба Путину Зеленский имкон бидиҳад "сари як миз нишинанду ба гуфтушунид сар кунанд", тасмим нагирифтааст.