Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, 18-уми март, дар рӯзи охирини кори панҷсолаи худ созишномаи сарҳадиро бо Қирғизистон қабул карданд.
Дар ин рӯз ду ҳуҷҷати дигар дар бораи бунёду истифодаи роҳҳо ва дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ дар марзи ду кишвар ҳам пазируфта шуд.
Аз рӯзи 19-уми март ҳайати нави вакилони порлумон ба кори худ сар мекунад.
Созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муомилаи таърихӣ? Имзои созишномаи марзии Тоҷикистон ва ҚирғизистонҲарчанд мақомоти Қирғизистон баъзе ҷузъиёти онро ошкор карданд, ҷониби Тоҷикистон на дар гузашта ва на ҳоло тафсилоти музокирот ва созишномаро нагуфтааст.
Дар як ҳуҷҷате, ки Радиои Озодӣ дид, созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон "бемуҳлат аст" ва тибқи он "парвози ҳама гуна ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қитъаҳои сарҳадӣ манъ аст".
"Марзро нерӯҳои сарҳадӣ аз дидбонгоҳҳо бо истифода аз аслиҳа ва техникаи низомии муқаррарӣ ҳифз намоянд. Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷобаҷоии техникаи вазнини ҳарбӣ, қувваҳо ва воситаҳои иловагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ роҳ надиҳанд," – гуфта шудааст дар санад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Тақрибан панҷсад километри он дар се соли охир мушаххас шудааст.
Номуайянии марз дар гузашта сабаби ҷангу хунрезӣ байни ду кишвари Осиёи Марказӣ шуда буд. Аз ҷумла, дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ гаштанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хатти гумшуда. Таърихчаи кӯтоҳи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон