Порлумон созишнома бо як ширкати чиниро қабул кард

Бинои нави порлумони Тоҷикистон.

Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон созишномаи ҳукумат бо як ширкати чиниро қабул кард.

Ҳукумат созишномаро бо ширкати “Иттифоқи Бародарон” дар аввали моҳи октябри соли 2024 ба Маҷлиси намояндагон фиристода буд.

Бар асоси ин созиш, ширкати "Иттифоқи Бародарон" акнун ҳақ пайдо кард, ки дар канори рӯдхонаи Муқсу, калонтарин шохоби дарёи Сурхоб, маъданҳои табиӣ ҷустуҷӯ кунад. Шаст дарсади саҳмияҳои ширкат ба Ли Хоуфу, шаҳрванди Чин, тааллуқ дорад.

Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Иттифоқи Бародарон" барои панҷ сол имзо шудааст.

Тибқи он пешбинӣ шудааст, ки “Иттифоқи Бародарон” барои ёфтани маъдан 20 миллион доллар сармоягузорӣ кунад ва дар иваз ҳукумати Тоҷикистон ба ширкат имтиёзҳои зиёде додааст.

Аз ҷумла, "Иттифоқи Бародарон" дар панҷ соли оянда ҳақ дорад, дастгоҳҳоро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт аз арзиши иловашуда ба Тоҷикистон орад. “Иттифоқи Бародарон” ҳамчунин аз пардохти нисфи андоз барои ширкатҳо (шахсони ҳуқуқӣ) озод шудааст.

Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд ва кори онҳо нигаронии баъзе сокинони маҳаллиро ба миён овардааст.