Бархе аз фаъолони сиёсӣ ва маҳфилҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд бо ҳар роҳе ки бошад, норозигии худро аз интихоботи президентии 6-уми ноябр баён доранд.
Онҳо мегӯянд, ягон аломати сабқату рақобатро дар маъракаи феълӣ намебинанд ва ба ҳамфикрони худ пешниҳод мекунанд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат наварзанд. Ин дар ҳолест, ки ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон низ ба радди ширкат дар интихобот даъват кардаанд.
Аммо ин пешниҳод низ садо медиҳад, ки бояд дар интихобот ширкат кард, вале зидди ҳамаи номзадҳо раъй дод. Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, «ман ҳатман дар интихобот ширкат мекунам ва ҳатман рӯи номи ҳамаи номзадҳо хат мекашам, чун ман дар байни онҳо номзади дилхоҳи худро намебинам. Ман дар ҳамин шакл эътирози худро маълум мекунам. Дигарон бигзор дар ҳар шакле мехоҳанд, эътирозашонро маълум кунанд».
Ба назари Раҷаби Мирзо, аслан дар кишварҳое мисли Тоҷикистон фарқ надорад, ки интихобот чӣ гуна сурат мегирад. «Агар шумо намеравед ҳам, гӯё ба ҷои шумо ширкат мекунанд ва овоз медиҳанд. Барои ҳолатҳои «мабодо» варақаҳои барзиёд чоп мекунанд ва ширкати шумо ба натиҷаи интихобот таъсире намерасонад. Аммо зидди ҳамаи номзадҳо раъй додан як навъ эътироз аст ва нишон додани эътироз ба ҳамин шакл шояд дуруст бошад. Аз ҷониби Комиссияи интихобот муайян кардани теъдоди ин гурӯҳи электорати норизо хеле кори дуруст ҳам мешуд», - мегӯяд ӯ.
Аслан, гуфтугӯҳо дар мавриди эътироз ба маъраки интихобот баъди аз сабқат хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова ба миён омад. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар анҷуманаш эълом кард, ки дар сурати сабти ном нашудани хонум Бобоназарова интихоботро таҳрим хоҳад кард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ баъди сабти ном нашудани номзадаш аз аъзо ва ҳаводоронаш хост, аз ширкат дар интихобот худдорӣ кунанд. Ахиран Додоҷон Атоуллоев, раҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор» ва Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гуруҳи 24» низ ҳаводорони шояд начандон зиёди худро ба таҳрими интихобот даъват намуданд.
Таваҷҷуҳ кунед ба мизи гирди видеоии "Худдорӣ аз интихобот -- яъне чӣ?"
Аммо ба андешаи Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) интихобот дар Тоҷикистон бо роҳи алтернативӣ ва демократӣ мегузарад ва беҳтар аст шаҳрвандон аз миёни шаш номзад номзади дилхоҳашонро интихоб кунанд. Ҷаноби Додоев афзуд, ширкат дар интихобот ҳаққи конститутсионии ҳамаи шаҳрвандон аст ва онҳо метавонанд бо салоҳиди худ мавқеашонро муайян кунанд: «Зидди ҳамаи номзадҳо овоз додан низ ҳуқуқи интихобкунанда аст. Варақае, ки дар он зидди ҳамаи номзадҳо овоз дода мешавад, эътибор дорад ва ба ҳисоб гирифта мешавад».
Аммо як гурӯҳи дигар аслан ширкат накардан дар интихоботро афзалтар мешуморанд, чун ба андешаи онҳо натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст.
Мавҷуда Соҳибназарова, узви ташаббускори ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» мегӯяд, ягон бор дар интихобот ширкат накардааст ва ин навбат низ ширкат нахоҳад кард. Хонум Соҳибназарова гуфт, «дар Тоҷикистон натиҷаи интихобот қаблан ҳалшуда аст ва интихобот бозие беш нест».
Дар ҳамин ҳол, бархе афрод дар шабкаҳои иҷтимоӣ изҳор доштаанд, ки ба нуқтаи раъйдиҳӣ мераванд, аммо бо нишони эътироз варақаи раъйашонро даронда мепартоянд ё бо худ мебаранд.
Абдураҳмон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар посух ба чунин тасмимгириҳо гуфт, интихобкунанда ҳуқуқ дорад варақаро гирифта овоз диҳад ва онро дохили қуттӣ напартофта, бо худ барад. Дар чунин ҳолат ширкати вай эътибор надорад, аммо «дарондани варақа ҷавобгарӣ надорад, лекин мумкин нест».
Нозирон мегӯянд, нарафтан ба қитъаи раъйдиҳӣ наметавонад танҳо маънои эътирозро дошта бошад. Зеро ҳастанд инсонҳое, ки аслан ба маъракаҳои сиёсие чун интихобот таваҷҷӯҳ надоранд ё фурсати ширкат кардан пайдо намекунанд ва инро наметавон чун эътироз шарҳ дод. Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, «беҳтарин шакли эътироз ба қитъаи раъйдиҳӣ рафтан ва номи ҳамаи номзадҳоро хат задан аст». Ба андешаи ӯ, танҳо дар чунин ҳолат эътирози интихобкунанда ба қайд гирифта мешавад ва мумкин аст нақше дошта бошад.