Абдуфаттоҳ Шарифзода: "Президент мадҳу саноро дӯст намедорад"

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки президент Эмомалӣ Раҳмон мадҳу ситоишро дӯст намедорад ва борҳо дар маҷлисҳои ҳукуматӣ сухани тавсифомезро қатъ кардааст. "Гапи онҳоеро, ки дар маҷлису машваратҳо тӯтивор аз Пешвои миллат таъриф мекунанд, нигоҳ медорад. Чунин мисолҳо хеле зиёданд", - гуфт ӯ рӯзи 29-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ягон вақт тамаллуқ надоштам. Дар замони истиқлол ягон қаср ҳам нагирифтам ё маблағи ҳангуфт ҳам ҷамъ наовардаам. Он чизе, ки менависам, муҳаббати ман ба ватан аст
Камол Насрулло

Шарифзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки "пас, чаро чунин падида дар ҷомеа зиёд дида мешавад?", гуфт, "бисёре аз мардум самимӣ раиси ҷумҳурро дӯст медоранд. Онҳо бо ҳар роҳ эҳтиром ва муҳаббаташонро мехоҳанд, ба қалам диҳанд ё тасвир кунанд."

Сухангӯи президенти Тоҷикистон дар ҳоле ин мавзуъро шарҳ дод, ки қаблан Абдуқодир Талбаков – рӯзноманигор ва мудири китобхонаи ба номи “Лоҳутӣ”-и пойтахт – аз мақомот хост, нашри ситоишномаҳоро дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҷиддӣ назорат кунанд. Ӯ дар як пешниҳод ба дастгоҳи иҷроияи президент гуфтааст, мадҳиясароӣ дар кишвар хеле зиёд шуда, ҳатто мудири ПМК ҳам талош мекунад, дар ҳаққи президент ситоишнома нависад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода

Ӯ рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Низом Қосим ё Муҳаммад Ғоиб, ки суханашон вазн дорад, як меҳрнома навиштанд. Онро мефаҳмем. Вале, фаразан, як мудири ПМК аз ноҳияи Фархор дар 40 мисраъ вазну арӯзро вайрон карда, фақат Эмомалӣ Раҳмон гуфтаву шеър менависад. Ҳаминро нашр кардан чӣ маъно дорад?”

Мудири китобхонаи “Лоҳутӣ” бовар дорад, ки мадҳу санои зиёд дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон ба обрӯи ӯ ҳамчун роҳбари як давлати дунявӣ ва демократӣ дар арсаи байналмилалӣ таъсир хоаҳд гузошт. “Барои мисол, марказҳои таҳлилии Амрико ба ин кишвар менависанд, ки дар як моҳ дар Тоҷикистон 813 мадҳиянома дар васфи президент навишта шудааст. Ҳар чизе, ки зиёд шуд эҳтиромаш кам мешавад. Мақсади ман ин аст, ки дастгоҳи президент бевосита эътибору шаъни Ҷаноби олиро дар интишори мадҳияномаҳо назорат кунад”, - хулоса кард Талбаков.

Абдуқодир Талбаков

Масъулони дастгоҳи иҷроияи президент то ҳол дар робита ба дархости Абдуқодир Талбаков ягон вокуниш накардаанд. Рӯзи 28-уми июн як масъули дастгоҳ бе зикри номаш гуфт, дар бораи пешниҳоди Талбаков аз матбуот огоҳ шуданд.

“Дар замони истиқлол ягон қаср нагирифтаам”

Мадҳу санохонӣ ба раиси ҷумҳур дар гузашта низ танқид шудааст. Ҳоло шоир ё овозхонеро ёфтан душвор аст, ки аз президент ситоиш накарда бошад. Зоҳиран барои бисёре аз шоирону овозхонҳо санохонӣ ба раиси ҷумҳур маънои “ватанпарастӣ”-ро касб кардааст ва сабқати кӣ бештар мадҳ мекунад, то рафт авҷ мегирад.

Аммо шоироне, ки баъҳе мунаққидон аз онҳо ҳамчун “маддоҳ” ном мебаранд, инро қабул надоранд. Камол Насрулло, шоири тоҷик, ки дар таронаҳояш Эмомалӣ Раҳмонро “офтоби бахти тоҷикон” сифат кардааст, гуфт, аз касе чизе тамаъ надорад.

Камол Насрулло. Акс аз саҳифаи "Фейсбук"-и шоир

“Ягон вақт тамаллуқ надоштам. Дар замони истиқлол ягон қаср ҳам нагирифтам ё маблағи ҳангуфт ҳам ҷамъ наовардаам. Дар нафақа ҳастам ва чӣ хеле пештар хоксорона зиндагӣ доштам, ҳамон хел зиндагӣ мекунам. Он чизе, ки менависам, муҳаббати ман ба ватан аст”, - мегӯяд Камол Насрулло.

“Вақте мадҳу сано зиёд шуд...”

Баъзе таҳлилгарон ситоиши раисони ҷумҳурро як бахши фарҳанги шарқӣ медонанд ва онро падидаи нав намешуморанд. Бархе ҳам ба ҳадди “иғроқ” расидани мадҳу санохонӣ дар кишварро танқид мекунанд.

Ба гуфтаи гурӯҳи дувум солҳои ахир падидае дар ҷомеа ташаккул ёфта, ки ҳар нафар мехоҳад бо роҳи мадҳу сано, садоқати худро ба низоми феълӣ нишон диҳад. Падидае, ки ба қавли Абдумалик Қодиров, рӯи афкори ҷомеа таъсир мерасонад ва пайравони ин падидаро бештар мекунад.

Абдумалик Қодиров

“Вақте як нафар мебинад, ки дигаре бо мадҳу сано ба мақомҳои баланд мерасад, ба ҷойи онки кӯшиш кунад бо ҳунари худ соҳиби мартаба ва обрӯ шавад, роҳи осонро мекобад. Хуб, мегӯянд, ки чоплусӣ беҳтарин роҳи расидан ба мансабу мақому манзалат аст. Яъне, ин кор метавонад як намунаи ибрати бад дар ҷомеа шавад”, - гуфт ӯ.

То имрӯз дар ҳаққи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, беш аз ду ҳазор шеъру тарона ва мақолаву матлаб иншо шудааст. Соли 2016 нашриёти “Эр-граф”-и Душанбе китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”-ро нашр кард, ки аз беш аз 2200 асар дар бораи президенти Тоҷикистонро гирд овардааст. Ин асарҳоест, ки аз соли 1994 то 2016 дар бораи президент Раҳмон нашр шудаанд.