Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки агар миёни Исроил ва гурӯҳҳои ҳампаймони Теҳрон дар минтақа оташбас ҳосил шавад, ин амал метавонад ба шиддати ҳама гуна ҳамлаи ҷавобии артиши Эрон таъсир расонад. Дар ин бора IRNA - хабаргузории давлатии Эрон иттилоъ додааст.
Дар ҳамин ҳол, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи 3-юми ноябр дар ҷараёни боздидаш аз марзи Лубнон аз мавзеъгирии шадиди худ ҳимоя карда, гуфтааст, ки гурӯҳи тундрави "Ҳизбуллоҳ" бояд ба фаротар аз дарёи Литонӣ дур ва аз дигарбора мусаллаҳ шудани он пешгирӣ карда шавад.
Исроил тайи чанд моҳи ахир ба мавзеъҳои "Ҳизбуллоҳ" ҳамла мекунад.
Эрон аз “Ҳизбуллоҳ” ҳимоят мекунад, Амрико онро террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст. Аксари раҳбарони "Ҳизбуллоҳ", аз ҷумла Ҳасан Насруллоҳ дар ҳамлаҳои Исроил дар ҷануби Лубнон ва атрофи Бейрут кушта шудаанд.