Амирҷон Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанберо аз мансаб барканор кардаанд.
Вай то ин дам мушовири ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ буд.
Амри аз кор гирифтани Амирҷон Убайдуллоев рӯзи 14-уми май содир шуд. Сабаби тасмимро "гузаштан ба кори дигар" гуфтаанд, аммо мақоми нави ӯ маълум нест.
Амирҷон Убайдуллоев дар гузашта намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байнулмилалии Пул буд. Дар раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ҳам кор кардааст.
Падараш, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, аз соли 1996 то соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2000 то 2020 раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Нигоҳҳо ба фаъолияти ӯ яксон нест.
Убайдуллоевро дар ин ду мақом Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон иваз кард.