Дар Беларус ҳанӯз ҳам Авто-лавка ҳаётан муҳим аст

Муштариён хушҳоланд, ки дар авто-лавка (дукони сайёр) тамоми ниёзмандиҳои худро пайдо карда метавонанд. Дукони сайёре, ки дар ин акс мебинед, ҳар ҳафта аз 15-16 деҳаи гирду атроф зиёрат мекунад.

Дар ин дукони сайёр нон, гӯгирд, шир, маска, ҷурғот (йогурт), тамоку, арақ ва шароби арзон фурӯхта мешавад.

Муштариён дар ин дукони сайёр ҳамчунон метавонанд якчанд навъи ҳасиби яхзада, ширинӣ ва шоколад харидорӣ намоянд.

Дар деҳаи Лесков фақат ду нафар зимистонгузаронӣ мекунанд: Марта Коляда ва писараш Виктор. Наздиктарин дукон дар масофаи 8 километр қарор дорад ва аз ин рӯ, хонум Марта ва Виктор ҳар панҷшанбе бесаброна мунтазири автолавка мешаванд.

Хонум Марта мегӯяд, ки ҳар ҳафта аз автолавка ба маблағи тахминан 300 000 рубли беларусӣ, ки ба тахминан 40 доллари амрикоӣ баробар аст, харид мекунад.

Виктор, ки бо назорати ҷангали канори деҳа машғул аст, мегӯяд, " мо аз тамаддун канда ҳастем".

Рафтуомад ба деҳаи Лесковро рӯди Взлянка душвор кардааст, вале ахиран пули ларзони деҳа таъмир шуд ва муштариён имкон доранд, ки пои пиёда ба деҳаи ҳамсоя барои харид раванд.

 

Ронандаи автолавка мегӯяд, деҳаи Лесков дар масофаи 800 метр аз роҳи асосӣ қарор дорад, вале барои тай намудани ин роҳи ҷангалӣ ва расидан то хонаи Марта ва Виктор камаш 15 дақиқа сарф мешавад.
 

Марта барои рӯзи таваллуди писараш Виктор ба ҳайси тӯҳфа як шиша водка харидааст.

Ронандаи автолавка, ки ҳамзамон фурӯшанда низ мебошад, бо ҳамон ҳисоби бобоӣ пул шумурда, мегӯяд, ба ҷиҳози муосири ҳисобу китоб ё худ калкулятор зиёд эътимод надорад.