Ин аксро бо чор сатр шеър як хонандаи сомонаи Озодӣ бо номи Муҳоҷир зоҳиран аз Русия фиристодааст. Дар ин акс мардикорони тоҷик ҳангоми кор тасвир шудаанд.
4 сатри фиристодаи Муҳоҷирро дар инҷо бароятон меорем бидуни ягон шарҳу тафсир ва боқӣ қазоватро ба Шумо, хонандагони азизи сомонаи Озодӣ мегузорем, ки дар бораи ин чӣ назар доред?
Муҳоҷират ба ҷон расид, ки тоқате ба ман намонд,
Ва роҳате маро дигар зи кори қадшикан намонд.
Намерасад зи бӯи хоки кишварам машомро,
Дигар мадору қуввате маро ба ҷону тан намонд.
Гузошта шуд аз ҷониби Муҳоҷир