Дар баҳсҳои бархоста дар "Одноклассники" корбарони тоҷик мегӯянд, шоир тавонистааст бо ибораҳои хеле сода дарди кӯдаконеро, ки ба далели муҳоҷират ё зани дигар гирифтани падарашон зиндаятим монда, тифли тилоии худро қурбон ё гаравгони роҳати волидайн кардаанд, бозгӯ кунад. Дарди кӯдаконеро, ки ба ҳар сурат, ба воя мерасанд, вале дарди бепадарӣ ё бемодарӣ то поёни умр гулӯгирашон мекунад.
Худи Абувоҳиди Зевар, ки рӯзи 27 феврал аз Душанбе тавассути телефон бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин шеърро дар рӯзи иди Рамазон бо илҳом аз як сӯҳбати аламовар бо кӯдаке, ки падараш дар муҳоҷират будаасту ӯро аз дидори худ ҳатто дар рӯзи ид маҳрум кардааст, навиштааст.
Инак, ин шеър, ки корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин такон додааст:
Офтоб, агар машъала афрӯзад чӣ?
Маҳтоб ба ман дида агар дӯзад чӣ?
Ман меҳру муҳаббати Шуморо хоҳам,
Додо, дилатон ба ман намесӯзад чӣ?
Пойпӯши ягонаам даридаст, додо,
Ҳуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойҳои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин ҳоли маро саге надидаст, додо!
Додо, додо, Шумо куҷоед, додо?
Ҳасрат ба дилам чаро наоед, додо?
Ҳамсоя барои духтараш курта харид,
Аз баҳри Худо чи камнамоед, додо!
Дар пеш зимистони хунук аст, додо,
Пероҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мӯхтоҷ ба костуму бурук аст, додо.
Додо, додо, Шумо маро мешунавед?
Дарди дили бемори маро мешунавед?
Ман гилаи бисёр надорам, додо,
Ин гиряи афгори маро мешунавед?
Шабҳои дароз модарам мегиряд,
Аз гиряи шӯри додарам мегиряд.
Бовар дорад, ки мебиёед як рӯз,
Ин хоҳари хушбоварам мегиряд.
Додо, додо, аз кимиё панҷам ҳаст,
Аз фанни забони урусӣ ранҷам ҳаст.
Ҳарчанд либоси варзишӣ нест маро,
Як дафтари хотироти пурганҷам ҳаст.
Додо, дина дуто шокалад овардам!
Пулдор шудам, рафта салат овардам!
Азбаски барои хоҳарам куртка набуд,
Аз хонаи як занак халат овардам!
Аз шодии хоҳарам чунон шод шудем!
Як лаҳза зи банди гиря озод шудем!
Ин жандахалат, ки бегиребон будаст,
Аз нолаи хоҳарам ба фарёд шудем.
Додо, додо, сари ману пои Шумо,
Як бор биёед, холӣ аст ҷои Шумо.
Як шаҳраки хурду мо ҷудоем зи ҳам,
Додо, додо, вои ману вои Шумо!
Додо, додо, зани ҷавон бигрифтед,
Зан қахт задаст, ки аламон бигрифтед?
Аз номи хуши Шумо чи мондаст дигар,
Ин лаҳза, ки номи занкалон бигрифтед?
Додо, додо, зи роҳатон баргардед,
Аз пеши зани худхоҳатон баргардед.
То умр бувад интизорем, додо
Бар манзилу бар даргоҳатон баргардед!
Дар хонаи мо сурати додом ҳаст аст,
Дар ҷои баланду як ваҷаб чанг бастаст.
Ҳар гаҳ, ки бубинем, очаам мегӯяд:
Аз чанги зани худхоҳи додот растаст.
Аз мулки ғарибӣ даст шӯед, додо,
Гулҳои умеди худ бибӯед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт, "сағир"
Маънои сағира чист? Гӯед, додо!
Мо зинда, Шумо зиндаҷудоед, додо,
Аз аспи ғурури худ фуроед, додо.
Ду духтару ду писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам қатраи обам нахаред?
Як бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуқлу кабобам нахаред!
Ҳар лаҳза, ки ман нафас барорам, додо!
Аз кунҷи дилам ҳавас барорам, додо!
Ҳар чи ки кунам намебиёед, охир
Орзую умед абас барорам, додо?
Додо, додо, алам кашидам, додо!
Аз ашки зиёд нам кашидам, додо!
Нодида ҷавонӣ пир шудам! Мефаҳмед?!
Аз зиндаҷудоӣ ғам кашидам, додо!
Худи Абувоҳиди Зевар, ки рӯзи 27 феврал аз Душанбе тавассути телефон бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин шеърро дар рӯзи иди Рамазон бо илҳом аз як сӯҳбати аламовар бо кӯдаке, ки падараш дар муҳоҷират будаасту ӯро аз дидори худ ҳатто дар рӯзи ид маҳрум кардааст, навиштааст.
Инак, ин шеър, ки корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин такон додааст:
Офтоб, агар машъала афрӯзад чӣ?
Маҳтоб ба ман дида агар дӯзад чӣ?
Ман меҳру муҳаббати Шуморо хоҳам,
Додо, дилатон ба ман намесӯзад чӣ?
Пойпӯши ягонаам даридаст, додо,
Ҳуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойҳои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин ҳоли маро саге надидаст, додо!
Додо, додо, Шумо куҷоед, додо?
Ҳасрат ба дилам чаро наоед, додо?
Ҳамсоя барои духтараш курта харид,
Аз баҳри Худо чи камнамоед, додо!
Дар пеш зимистони хунук аст, додо,
Пероҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мӯхтоҷ ба костуму бурук аст, додо.
Додо, додо, Шумо маро мешунавед?
Дарди дили бемори маро мешунавед?
Ман гилаи бисёр надорам, додо,
Ин гиряи афгори маро мешунавед?
Шабҳои дароз модарам мегиряд,
Аз гиряи шӯри додарам мегиряд.
Бовар дорад, ки мебиёед як рӯз,
Ин хоҳари хушбоварам мегиряд.
Додо, додо, аз кимиё панҷам ҳаст,
Аз фанни забони урусӣ ранҷам ҳаст.
Ҳарчанд либоси варзишӣ нест маро,
Як дафтари хотироти пурганҷам ҳаст.
Додо, дина дуто шокалад овардам!
Пулдор шудам, рафта салат овардам!
Азбаски барои хоҳарам куртка набуд,
Аз хонаи як занак халат овардам!
Аз шодии хоҳарам чунон шод шудем!
Як лаҳза зи банди гиря озод шудем!
Ин жандахалат, ки бегиребон будаст,
Аз нолаи хоҳарам ба фарёд шудем.
Додо, додо, сари ману пои Шумо,
Як бор биёед, холӣ аст ҷои Шумо.
Як шаҳраки хурду мо ҷудоем зи ҳам,
Додо, додо, вои ману вои Шумо!
Додо, додо, зани ҷавон бигрифтед,
Зан қахт задаст, ки аламон бигрифтед?
Аз номи хуши Шумо чи мондаст дигар,
Ин лаҳза, ки номи занкалон бигрифтед?
Додо, додо, зи роҳатон баргардед,
Аз пеши зани худхоҳатон баргардед.
То умр бувад интизорем, додо
Бар манзилу бар даргоҳатон баргардед!
Дар хонаи мо сурати додом ҳаст аст,
Дар ҷои баланду як ваҷаб чанг бастаст.
Ҳар гаҳ, ки бубинем, очаам мегӯяд:
Аз чанги зани худхоҳи додот растаст.
Аз мулки ғарибӣ даст шӯед, додо,
Гулҳои умеди худ бибӯед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт, "сағир"
Маънои сағира чист? Гӯед, додо!
Мо зинда, Шумо зиндаҷудоед, додо,
Аз аспи ғурури худ фуроед, додо.
Ду духтару ду писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам қатраи обам нахаред?
Як бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуқлу кабобам нахаред!
Ҳар лаҳза, ки ман нафас барорам, додо!
Аз кунҷи дилам ҳавас барорам, додо!
Ҳар чи ки кунам намебиёед, охир
Орзую умед абас барорам, додо?
Додо, додо, алам кашидам, додо!
Аз ашки зиёд нам кашидам, додо!
Нодида ҷавонӣ пир шудам! Мефаҳмед?!
Аз зиндаҷудоӣ ғам кашидам, додо!