Дмитрий Песков рӯзи 4 апрел ба хабарнигорон гуфт, "мо ба ин бовар ҳастем, ки мушкили парвандаи ҳастаии Эрон танҳо бояд бо абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ расидагӣ ва ҳаллу фасл шавад".
Ӯ афзуд, "албатта мо бовар дорем, ки ҳама тарафҳо бояд дар ин замина хештандории комил дошта бошанд ва ҳангоми баҳс дар мавриди масъалаҳо, ба таври хос бар талошҳои дипломатӣ таваҷҷуҳ кунанд".
Дмитрий Песков ҳамчунин бо ишора ба инки Русия дар талош барои барқарории робитаҳои худ бо Амрико аст, таъкид кард, "аммо Эрон низ шарик ва муттаҳиди мо аст, ки робитаҳои бисёр густурда ва чандҷониба бо он дорем".
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таҳдид кардааст, ки агар Эрон барои дастёфтан ба созиши наве дар мавриди барномаи ҳастаиаш бо Амрико музокира накунад, таҳримҳои дигар алайҳи он ҷорӣ мекунад ва Эрон "бамборон" хоҳад шуд.
Маскав пешниҳод кардааст, ки байни Амрико ва Эрон миёнҷигарӣ кунад.
Раҳбарони Эрон ва Амрико дар як моҳи гузашта ба якдигар номаҳо фиристоданд ва мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ мегӯянд, ки омодаи музокироти ғайримустақим бо ИМА ҳастанд.
Бо вуҷуди он, ки Доналд Трамп мегӯяд, хоҳони гуфтугӯи мустақим бо Эрон аст, вале айни замон тибқи гузоришҳо, Вашинтгон "ба таври ҷиддӣ анҷоми музокироти ғайримустақим бо Эрон баррасӣ мекунад".