Песков гуфт, паноҳ додан ба Асад тасмими Путин буд

Дмитрий Песков бо Владимир Путин. Қазоқистон, 27-уми ноябри 2024

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, гуфтааст, паноҳандагӣ додан ба раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия Башор Асад ва хонаводааш дар Русия тасмими президент Владимир Путин буд.

Хабаргузории "ТАСС" рӯзи 9-уми декабр аз қавли Песков навишт, ки "чунин тасмимгирӣ бе ширкати сарвари давлат имконпазир нест."

Расонаҳои давлатии Русия шаби 8-уми декабр гузориш доданд, ки Башор Асад "дар Маскав аст ва дар Русия ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст".

Сухангӯи Кремл нагуфт, ки ҳоло Башор Асад дар куҷост, вале афзуд, дар ҷадвали мулоқоти Путин суҳбат бо ӯ дар назар нест.

Ҳукумати Башор Асад 8-уми декабр, баъд аз ёздаҳ рӯз ҳамлаи ғофилгиронаи шӯришиён, суқут кард ва бо ҳамин 53 сол ҳукуматдории хонадони ӯ дар Сурия поён ёфт.

Мақомоти Русия Асадро расман раисҷумҳури пешини Сурия номида, иддао доранд, ки ӯ дар пайи гуфтушунид бо намояндагони мухолифини мусаллаҳ розӣ шудааст, курсии президентӣ ва ҳамин тавр кишварро тарк кунад. Худи ӯ дар бораи суқути режимаш изҳори назар накард.

Русия ҳампаймони деринаи Сурия буд ва дар замони ҷанги дохилии ин кишвар (дар соли 2011 оғоз шуд) ба ҳукумати Башор Асад ёриҳои муҳими низомӣ ва сиёсӣ кардааст. Кишварҳои ғарбӣ ва мухолифонаш Башор Асадро ба ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла куштани ғайринизомиён дар Сурия муттаҳам мекунанд.